Медали духтари тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ

© Пресс-служба мэрии г. ХуджандаШукрона Охунова
Шукрона Охунова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Обуна шудан
Духтари тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби медал шуд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Хонандаи тоҷик Шукрона Охунова дар олимпиадаи IV байналмилалии “Омӯзишгоҳи омодасозии истеъдодҳо 2021” ҷоиза гирифт.
Дар пойтахти Озарбойчон — шаҳри Боку миёни толибилмон олимпиада баргузор шуд. Хонандаи боистеъдоди тоҷик ҷои сеюмро гирифт.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати шаҳри Хуҷанд, дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ - риёзӣ, кимиё ва физика Тоҷикистонро се нафар - Фирдавси Фаридун аз Душанбе, Муҳаммадробӣ Муҳаммадёр ва Шукрона Охунова аз Хуҷанд намояндагӣ кардаанд.
"Шукрон Охунова, хонандаи синфи 9-уми Муассисаи давлатии таълимии кӯдакони лаёқатманд ҷои сеюмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки ба Фирдавси Фаридун ва Муҳаммадробӣ Муҳаммадёр шаҳодатномаи иштирок дар олимпиада супурда шуд.
Ғолибияти донишҷӯи тоҷик дар Петербург миёни намояндагони 18 давлат
Бояд гуфт, ки ин аввалин ҷоизаи духтари боистеъдод нест.
Соли гузашта Шукрона дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни химия ширкат карда, соҳиби медали тило шуда буд.
Хонандагони тоҷик ба олимпиадаи ИМА мераванд
Қаблан хабар дода шуд, ки дар олимпиадаи 13-уми байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия, забони англисӣ, ҷуғрофия, биология, таърихи ҷаҳон, ҳифзи муҳити зист дар Туркия мактаббачагони тоҷик 68 ҷой (20 медали тило, 22 нуқра ва 26 медали биринҷӣ) гирифт буданд.
Лентаи хабарҳо
0