Даъвати толибон ба нишасти сарони кишварҳои исломӣ

© Sputnik Московский формат консультаций по Афганистану
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Обуна шудан
Мақомоти Покистон даъват кардаанд, ки дар нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Исломобод намояндагони давлати толибон низ ширкат кунад
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Валиюллоҳ Шоҳин, раиси Маркази мутолиоти стратегии Вазорати умури хориҷии Покистон гуфт, иқтисоди Афғонистон, низоми молӣ, низоми бонкӣ ва одисозии равобити давлати толибон бо дигар кишварҳои ҷаҳон аз масоили муҳимме аст, ки дар дастури кори ин нишаст қарор хоҳад гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.
Бояд қайд кард, нишасти сарони кишварҳои исломӣ 19 декабр дар Исломобод баргузор мешавад.
Талибы* 203-го армейского корпуса «Мансури» в афганской провинции Хост - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Дастури навбатии толибон: ҳукумати нави Афғонистон боз чиро манъ кард
Ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст намояндагони Амрико, Русия, Британия, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои башардӯст ҳузур хоҳанд дошт.
Толибон аз замони ба қудрат расидан дар Афғонистон дар 15 августи соли равон барои ба расмият шинохтанашон талош доранд. Созмони Милал чанде пеш эълом кард, ки намояндаи толибонро ба унвони намояндаи Афғонистон ба расмият намешиносад.
Лентаи хабарҳо
0