https://sputnik.tj/20211214/dastur-hukumat-etidol-narkh-angisht-tojikiston-1044159062.html
Дастури ҳукумат барои арзонии нархи ангишт: Дар Хатлон як кило зуғолсанг 50-70 дирам шуд
Дастури ҳукумат барои арзонии нархи ангишт: Дар Хатлон як кило зуғолсанг 50-70 дирам шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки дар фасли сармо барои таъмини аҳолӣ бо ангишт ярмаркаи фурӯши он роҳандозӣ гардад 14.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-14T20:15+0500
2021-12-14T20:15+0500
2021-12-15T12:25+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
саноат
нарх
ангишт
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0e/1044158468_0:125:2048:1277_1920x0_80_0_0_567a3027226ae69fa4209a7fc5d3021b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Мақомоти Хатлон мегӯянд, дар зимни ин дастур барои дастгирии қишри осебпазир ярмаркаи фурӯши ангишт дар шаҳру навоҳии вилоят роҳандозӣ гардид. Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон, 14 декабр беш аз 1 ҳазору 300 тонна ангишт ба шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғара интиқол дода шуд. Манбаъ афзуд, ки аз кони "Фон-Яғноб" 10, аз корхонаи "Зиддӣ" панҷ, аз "Ангишт" чаҳор , аз ҶСК “Ангишт Камароб” панҷ, аз “Вена” 10, аз "Тако Ресурс" 10 ва аз "Комбинати металлургии тоҷик" 10 мошин зуғолсанг ба ярмаркаи фурӯши ангишт дар шаҳру навоҳии вилоят ворид гардид. Ба иттилои мақомоти Хатлон, мардум аз ин иқдом истиқбол кардаанд. Ин чораандешӣ дар фасли сармо дар ҳолест, ки дар бисёре аз навоҳии Тоҷикистон ба гуфтаи сокинон, нерӯи барқ бо маҳдудият интиқол дода мешавад.
https://sputnik.tj/20211107/hushdor-khatlon-zimiston-sardtar-1043300288.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0e/1044158468_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_9498ac1eff89644774f2833b40d991ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, саноат, нарх, ангишт, бозор
дар тоҷикистон, иқтисод, саноат, нарх, ангишт, бозор
Дастури ҳукумат барои арзонии нархи ангишт: Дар Хатлон як кило зуғолсанг 50-70 дирам шуд
20:15 14.12.2021 (Навсозишуда: 12:25 15.12.2021) Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки дар фасли сармо барои таъмини аҳолӣ бо ангишт ярмаркаи фурӯши он роҳандозӣ гардад
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Мақомоти Хатлон мегӯянд, дар зимни ин дастур барои дастгирии қишри осебпазир ярмаркаи фурӯши ангишт дар шаҳру навоҳии вилоят роҳандозӣ гардид.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон, 14 декабр беш аз 1 ҳазору 300 тонна ангишт ба шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғара интиқол дода шуд.
Манбаъ афзуд, ки аз кони "Фон-Яғноб" 10, аз корхонаи "Зиддӣ" панҷ, аз "Ангишт" чаҳор , аз ҶСК “Ангишт Камароб” панҷ, аз “Вена” 10, аз "Тако Ресурс" 10 ва аз "Комбинати металлургии тоҷик" 10 мошин зуғолсанг ба ярмаркаи фурӯши ангишт дар шаҳру навоҳии вилоят ворид гардид.
"Нархи ангишт дар ярмаркаҳои фурӯш аз 50 то 70 дирам барои як кило муқаррар шудааст, ки аз нархи бозор зиёда як баробар арзон мебошад", - афзуд манбаъ.
Ба иттилои мақомоти Хатлон, мардум аз ин иқдом истиқбол кардаанд.
Ин чораандешӣ дар фасли сармо дар ҳолест, ки дар бисёре аз навоҳии Тоҷикистон ба гуфтаи сокинон, нерӯи барқ бо маҳдудият интиқол дода мешавад.