Заиф шудани ваксинагирӣ аз коронавирус дар Хатлон: Дастури Ҳакимзода барои ислоҳи вазъ

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник делает прививку от коронавируса
Медицинский работник делает прививку от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Обуна шудан
Масъулини Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода роҳҳои ҷилавгирӣ аз хуруҷи нави коронавирус ва таҳкими ваксиназаниро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Мақомоти Хатлон дар пасманзари хуруҷи коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя таҳкими чораҳои зиддиэпидемикӣ барои ҷилавгирӣ аз ин бемориро муҳим хондаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон, дар ҷаласа таҳти раёсати Қурбон Ҳакимзода таъкид шудааст, ки рӯзҳои охир корҳои вобаста ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус дар шаҳру ноҳияҳо начандон хуб ба роҳ монда шудаст. Манбаъ афзуд, ки фаъолияти комиссияҳо ва сохторҳои дахлдор дар ин ҷода суст гардида, ҳамкории ҷиддиро бо сохторҳои марбута тақозо дорад.
Раиси Хатлон ба мақомдорони вилоят дастур додааст, ки дар муҳлати кӯтоҳ камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.
Градусник - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Истеъмоли якҷояи кадом доруҳои зидди зуком хатарнок аст
Захира намудани маводи зиддиэпидемикӣ, таҳкими корҳои ташвиқотӣ аз сӯйи гурӯҳҳои корӣ, тавзеҳи аҳамияти иммунизатсия аз тариқи шабакаҳои телевизионию дигар расонаҳо аз мавзуъҳои меҳварии ҷаласа будааст.
"Кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, бозору нуқтаҳои савдо ва дигар иншоот, новобаста аз шакли моликияташон дар онҳо корҳои безараргардониро вусъат бахшида, баҳри пешгирии бемории коронавирус ба иммунизатсия фаро гирифта шаванд", - таъкид шуд дар ҷаласа.
Инчунин илова гардидааст, ки ҳангоми баргузории чорабиниҳои идона риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи ниқоби тиббиро роҳандозӣ намоянду ба исрофкориву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Дар маҷмуъ аз оғози ҳамагирӣ то ҳол дар Тоҷикистон 17 ҳазору 95 нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 ҳазору 966 шифо ёфта ва 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидааст.
Лентаи хабарҳо
0