Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Оё ваксина алайҳи коронавирус одамро безурёт мекунад? Посухи табиб

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМедицинский сотрудник держит в руке ампулу с российским препаратом "Гам-Ковид-Вак" ("Спутник V")
Медицинский сотрудник держит в руке ампулу с российским препаратом Гам-Ковид-Вак (Спутник V)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Обуна шудан
Оё ваксинаҳои алайҳи бемории коронавирус мунҷар ба бенаслии инсон мешаванд? Ба ин суол профессори Маркази Гамалей Анатолий Алштейн посух додааст
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Анатолий Алштейн, профессори Маркази Гамалея мегӯяд, ваксина ба ҳеҷ ваҷҳ генетикаро тағйир дода наметавонад.
Ӯ дар суҳбат бо радиои Sputnik гуфт, шахсе, ки алайҳи бемории коронавирус моякӯбӣ мешавад, метавонад ба таври бехатар таваллуд кунад ва итминон ҳосил кунад, ки генетика аз ваксина вобаста нест.
Ба таъкиди ӯ, баҳодиҳии баръакс танҳо аз ноогоҳӣ аст ва бинобар ин ҳар кас метавонад чизеро, ки мехоҳад, баён кунад.

"Он чизе ки ман мегӯям, илман собит шудааст. Мо дар бораи ин ваксинаҳо медонем, ки онҳо дар дохили ҳуҷайра сохта нашудаанд, генетикаи инсонро тағйир дода наметавонанд ва ба сатҳи таваллуд ҳам таъсир нахоҳанд расонд", - тавзеҳ додааст ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, як масъалаи дигаре, ки пайваста матраҳ мешавад, сироятпазирии ваксина аст.
 Ветеринар держит в руках шприц с препаратом Карнивак-Ков от COVID-19 в ветеринарной клинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Ӯзбекистон мехоҳад бо ваксинаи русӣ кӯдаконро алайҳи коронавирус моякӯбӣ кунад
Ба таъкиди ӯ, бисёриҳо бовар доранд, ки шахси ваксинашуда паҳнкунандаи вирус аст. Профессор ин иддаоро низ ботил номида зикр кард, ки шахси ваксинашуда наметавонад паҳнкунандаи винрус шавад, зеро ваксина ин вирусро интиқол намедиҳад.
Ӯ мегӯяд, нафари ваксинагирифта метавонад бемори коронавирус гардад, вале эҳтимоли мариз шудани ӯ нисбати нафароне, ки тамоман ваксина нагирифтаанд, ночиз аст.
Лентаи хабарҳо
0