https://sputnik.tj/20211213/tojikiston-vaksina-covid-girift-1044121717.html
Тоҷикистон бастаи нави ваксинаҳо алайҳи COVID - ро гирифт
Тоҷикистон бастаи нави ваксинаҳо алайҳи COVID - ро гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон боз 460 350 воя ваксина ворид гардид
2021-12-13T17:20+0500
2021-12-13T17:20+0500
2021-12-13T17:51+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ваксина
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/10/1033010867_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_74093c3a4611050b6245342e8b6b822a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Боз бастаи нави ваксина алайҳи коронавирус ба Тоҷикистон оварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.Ба иттилои манбаъ, шоми 12 декабр дар доираи механизми COVAX, вазорат боз 460 350 воя ваксина дастрас кард.Гуфта мешавад, аз ин миён 157 950 воя ваксинаи "Pfizer-BioNTech" буда, боз 302 400 воя ваксини навъи "Astra|Zeneca" ворид гардид.Ёдовар мешавем, авоили моҳи декабр Ҳиндустон 698 500 воя ваксинаи "AstraZeneca" -ро ба Тоҷикистон ирсол намуда буд.Вазорат мегӯяд, то 1 декабри соли ҷорӣ зиёда аз 2,9 миллион нафар шаҳрванди кишвар бар зидди COVID-19, тибқи нақша, моякӯбӣ шуда, зиёда аз 2,5 миллион нафар вояи дуюми ваксинаро гирифтааст.Қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии як навъи нави коронавируси омикрон дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.Ӯ аз сокинон даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
https://sputnik.tj/20211201/tojikiston-vaksina-covid-19-1043858465.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/10/1033010867_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_bc23c8b554f5b709e5f1f8f1c8f00d18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваксина коронавирус
Тоҷикистон бастаи нави ваксинаҳо алайҳи COVID - ро гирифт
17:20 13.12.2021 (Навсозишуда: 17:51 13.12.2021) Дар доираи механизми COVAX ба Тоҷикистон боз 460 350 воя ваксина ворид гардид
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Боз бастаи нави ваксина алайҳи коронавирус ба Тоҷикистон оварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, шоми 12 декабр дар доираи механизми COVAX, вазорат боз 460 350 воя ваксина дастрас кард.
Гуфта мешавад, аз ин миён 157 950 воя ваксинаи "Pfizer-BioNTech" буда, боз 302 400 воя ваксини навъи "Astra|Zeneca" ворид гардид.
"Ваксинаҳои мазкур бо мақсади пешгирии бемории коронавирус ва ҷиҳати ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат оварда шудааст", - таъкид мегардад дар хабари вазорат.
Ёдовар мешавем, авоили моҳи декабр Ҳиндустон 698 500 воя ваксинаи "AstraZeneca" -ро ба Тоҷикистон ирсол намуда буд.
Вазорат мегӯяд, то 1 декабри соли ҷорӣ зиёда аз 2,9 миллион нафар шаҳрванди кишвар бар зидди COVID-19, тибқи нақша, моякӯбӣ шуда, зиёда аз 2,5 миллион нафар вояи дуюми ваксинаро гирифтааст.
Қаблан Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки эҳтимоли паҳншавии як навъи нави коронавируси омикрон дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Ӯ аз сокинон даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.