https://sputnik.tj/20211213/taghyir-qonun-ittilo-monopolist-osontar-1044118903.html
Тағйири қонун: Дастрасӣ ба иттилоъ дар бораи кори монополистҳо осонтар мешавад
Тағйири қонун: Дастрасӣ ба иттилоъ дар бораи кори монополистҳо осонтар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Гулбаҳор Назирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, тағйироти қабулшуда ба қонун "Дар бораи инҳисороти табиӣ"- ро тавзеҳ дод
2021-12-13T16:22+0500
2021-12-13T16:22+0500
2021-12-14T13:52+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қонун
хизмат
парлумон
додугирифти мол
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538036_0:151:2907:1786_1920x0_80_0_0_9cdb25edab4cf273a81a4350914cf02f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ тағйиру иловаҳо ба Қонун "Дар бораи инҳисороти табиӣ"-ро қабул намуд. Вакил Гулбаҳор Назирӣ мегӯяд, ҳадафи тағйирот бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда мебошад. Ба навиштаи нашрияи парлумонии "Садои мардум", Назирӣ тавзеҳ дод, ки яке аз тағйирот талабот нисбат ба мол ва кору хидматрасонии субъекҳои инҳисори табииро фаро мегирад, ки яке аз унсурҳои он бехатарӣ ба ҳисоб меравад. Вакили Маҷлиси намояндагон афзуд, аз тағйироти дигар фаъолсозии иттилоотии субъектҳои инҳисороти табиӣ мебошад. Аз ҷумла бар асоси иловаҳои қонун, инҳисоргарон муваззаф шудаанд, ки дар сомонаашон иттилоотро ҷойгир кунанд. Чунин субъектҳо уҳдадор шудаанд, ки дар бораи фаъолияти худ дар расонаҳо, аз ҷумла аз тариқи интернет маълумот нашр намоянд. Гулбаҳор Назирӣ изҳор кардааст, ки қабули тағйирот ба қонун барои бартараф шудани камбудиву норасоиҳо мусоидат намуда, аз ҷумла дастрасии аҳли ҷомеа ба иттилооти марбут ба фаъолияти субъектҳои инҳисороти табииро фароҳам месозад. Зимни қабули тағйирот ба қонун таъкид шудааст, ки он хароҷоти иловагӣ аз буҷаи давлатиро талаб намекунад.
https://sputnik.tj/20211106/tojikiston-istifoda-gaz-tabii-1043294213.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538036_161:0:2744:1937_1920x0_80_0_0_4c59d7000c38eeb08fcddec27c48e99f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гулбаҳор назирӣ, вакил, парлумон, тоҷикистон, қонун, тағйирот, тавзеҳ
гулбаҳор назирӣ, вакил, парлумон, тоҷикистон, қонун, тағйирот, тавзеҳ
Тағйири қонун: Дастрасӣ ба иттилоъ дар бораи кори монополистҳо осонтар мешавад
16:22 13.12.2021 (Навсозишуда: 13:52 14.12.2021) Гулбаҳор Назирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон, тағйироти қабулшуда ба Қонун "Дар бораи инҳисороти табиӣ"-ро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ тағйиру иловаҳо ба Қонун "Дар бораи инҳисороти табиӣ"-ро қабул намуд.
Вакил Гулбаҳор Назирӣ мегӯяд, ҳадафи тағйирот бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда мебошад.
Ба навиштаи нашрияи парлумонии "Садои мардум", Назирӣ тавзеҳ дод, ки яке аз тағйирот талабот нисбат ба мол ва кору хидматрасонии субъекҳои инҳисори табииро фаро мегирад, ки яке аз унсурҳои он бехатарӣ ба ҳисоб меравад.
Вакили Маҷлиси намояндагон афзуд, аз тағйироти дигар фаъолсозии иттилоотии субъектҳои инҳисороти табиӣ мебошад.
Аз ҷумла бар асоси иловаҳои қонун, инҳисоргарон муваззаф шудаанд, ки дар сомонаашон иттилоотро ҷойгир кунанд. Чунин субъектҳо уҳдадор шудаанд, ки дар бораи фаъолияти худ дар расонаҳо, аз ҷумла аз тариқи интернет маълумот нашр намоянд.
Гулбаҳор Назирӣ изҳор кардааст, ки қабули тағйирот ба қонун барои бартараф шудани камбудиву норасоиҳо мусоидат намуда, аз ҷумла дастрасии аҳли ҷомеа ба иттилооти марбут ба фаъолияти субъектҳои инҳисороти табииро фароҳам месозад.
Зимни қабули тағйирот ба қонун таъкид шудааст, ки он хароҷоти иловагӣ аз буҷаи давлатиро талаб намекунад.