СММ: аз аввали соли 2021 дар ҷаҳон беш аз 4,4 ҳазор муҳоҷир ҷон бохтааст

© Sputnik / Inna Grishuk Беженцы на белорусско-польской границе
Беженцы на белорусско-польской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Обуна шудан
Созмони Милали Муттаҳид хабар додааст, ки дар соли равон марги муҳоҷирон дар роҳро барои пайдо кардани макони зисти нав афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Аз аввали соли 2021 беш аз 4,4 ҳазор муҳоҷире, ки талош доштанд ба кишварҳои ғарб бираванд ва дар онҷо зиндагии навро барпо кунанд, ҷони худро аз даст додаанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС дар истинод ба Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ).
Тибқи иттилои СБМ, аз оғози соли 2014 дар ҷаҳон беш аз 45,4 ҳазор марги муҳоҷирон ба қайд гирифта шудааст.
Ин созмон қайд кардааст, ки дар соли ҷорӣ мизони марг дар муқоиса бо соли гузашта, ки беш аз чаҳор ҳазор нафар, бештар фавтидааст.
Полиция проводит проверку миграционного законодательства в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Русия дар соли 2022 ба чанд муҳоҷир иҷозаи кор медиҳад
Иттилоъ дода шудааст, ки дар Аврупо марги 2,720 нафар ба қайд гирифта шудааст, ва ин зиёдтарин нишондод нисбат ба соли 2018 аст. Дар талоши расидан ба кишварҳои аврупоӣ аз тариқи Баҳри Миёназамин дар соли ҷорӣ 1315 нафар, масир аз Африқо ба ҷазираҳои Канария - 937 нафар, аз масири Туркия ба Юнон - 41 нафар ҷон бохтааст.
Дар Амрико аз аввали сол то кунун 1121 муҳоҷир кушта шуданд. соли гузашта низ аз шумораи фавтидагон зиёд буд.
СБМ шарҳ додааст, "фоҷиаҳои оммавии марбут ба муҳоҷират рӯз ба рӯз маъмулӣ мешаванд."
Ин созмон аз кишварҳои пешрафта даъват кард, ки сиёсату ва амалияҳое таҳия намоянд, ки хатарҳоеро, ки аксарият дар масирҳои муҳоҷират бо онҳо рӯбарӯ мешаванд, коҳиш диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0