Русия ба чор шаҳри Тоҷикистон парвозҳои нав роҳандозӣ кард

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Nordwind AirlinesСамолет авиакомпании "Nordwind"
Самолет авиакомпании Nordwind - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии "Nordwind" аз Екатеринбург ба пойтахти Тоҷикистон ва чанд шаҳри дигар парвозҳои мустақимро оғоз кардааст
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии русии "Nordwind" аз Екатеринбург ба шаҳрҳои Тоҷикистон парвози мустақим анҷом медиҳад, хабар додааст дафтари матбуотии фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург.
Маълум аст, ки парвозҳои нав аз Фурудгоҳи байналмилалии Колтсово ба Душанбе ва ба се шаҳри дигари Тоҷикистон дар шимолу ҷануби ҷумҳурӣ сурат хоҳанд гирифт.

"Ширкати "Nordwind Airlines" ба шаҳри Бохтари Тоҷикистон парвозҳои мустақими доимӣ оғоз мекунад", - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотии фурудгоҳ.

Илова бар ин аз Екатеринбург парвозҳои мустақими мусофирбарӣ ба Хуҷанд ва Кӯлоб низ роҳандозӣ шудаанд.
Тавре интизор мерафт, аз ҳамаи парвозҳои воридшаванда ба Тоҷикистон талаб карда мешавад, ки шаҳодатномаи санҷиши коронавирус бо натиҷаи манфӣ пешниҳод кунанд.
Он бояд на дертар аз 72 соат пеш аз убури сарҳад анҷом дода шавад. Ба кӯдакони то сесола барои парвоз ин гуна шаҳодатнома лозим нест.
Лентаи хабарҳо
0