https://sputnik.tj/20211213/mavutor-tojikiston-timi-shakhtyor-1044114819.html
Мавутори тоҷикистонӣ дар тими "Шахтёр" мемонад
Мавутори тоҷикистонӣ дар тими "Шахтёр" мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Дэвид Мавутор, футболбози зодаи Гана, ки бар асоси ҳолномааш шаҳрвандии Тоҷикистонро низ дорад, дар бошгоҳи "Шахтёр" мемонад 13.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-13T14:10+0500
2021-12-13T14:10+0500
2021-12-14T12:28+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
қазоқистон
кӯлоб
футбол
равшан
истиқлол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044113596_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_6a19e232eb67af179a6c5d1529fe8cdb.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Роҳбарият ва ҳайати мураббиёни тими "Шахтёр"-и Қарағанда ҳавасмандияшро ба боқӣ мондани Дэвид Мавутор дар ин даста баён доштаанд, навиштаанд расонаҳои Қазоқистон. Ба иттилои сомонаи Sports.kz, Мавутор низ мухолифи идомаи ҳамкорӣ бо "Шахтёр" нест. Маврид ба зикр аст, ки Мавутор ба "Шахтёр" имсол дар доираи равзанаи трансферии тобистона гузашта, дар ҳайати тим се бозӣ анҷом доду як гол ба ҳадаф расонд. Дэвид Гордон Мавутор, соли 1992 дар Гана таваллуд шуда, фаъолияташро соли 2007-ум аз тимҳои "Зайворд" ва "Ювентус" дар зодгоҳаш оғоз намудааст. Бар асоси ҳолномаи нашршудаи Мавутор, ӯ соли 2012-ум ба тими "Равшан"-и Кӯлоб гузашта, баъдан дар ҳайати дастаи "Истиқлол"-и Душанбе низ бозӣ кардааст. Солҳои 2018-2020 дар тими "Жетису"-и Қазоқистон, моҳҳои аввали соли равон дар ҳайати "Висла"-и Лаҳистон бозӣ кардааст. Дар ҳолномаи Дэвид Мавутор, ки дар донишномаи озод бо чанд забон нашр шудааст, зикр шудааст, ки ин футболбоз дар баробари шаҳрвандии Гана инчунин шаҳрвандии Тоҷикистонро низ дорад.
қазоқистон
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044113596_63:0:1120:793_1920x0_80_0_0_65e3d256794452a4df844900669d87dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, қазоқистон, кӯлоб, футбол, равшан, истиқлол
дар ҷаҳон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, қазоқистон, кӯлоб, футбол, равшан, истиқлол
Мавутори тоҷикистонӣ дар тими "Шахтёр" мемонад
14:10 13.12.2021 (Навсозишуда: 12:28 14.12.2021) Дэвид Мавутор, футболбози зодаи Гана, ки бар асоси ҳолномааш шаҳрвандии Тоҷикистонро низ дорад, дар бошгоҳи "Шахтёр" мемонад
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Роҳбарият ва ҳайати мураббиёни тими "Шахтёр"-и Қарағанда ҳавасмандияшро ба боқӣ мондани Дэвид Мавутор дар ин даста баён доштаанд, навиштаанд расонаҳои Қазоқистон.
Ба иттилои сомонаи
Sports.kz, Мавутор низ мухолифи идомаи ҳамкорӣ бо "Шахтёр" нест.
Маврид ба зикр аст, ки Мавутор ба "Шахтёр" имсол дар доираи равзанаи трансферии тобистона гузашта, дар ҳайати тим се бозӣ анҷом доду як гол ба ҳадаф расонд.
Дэвид Гордон Мавутор, соли 1992 дар Гана таваллуд шуда, фаъолияташро соли 2007-ум аз тимҳои "Зайворд" ва "Ювентус" дар зодгоҳаш оғоз намудааст.
Бар асоси ҳолномаи нашршудаи Мавутор, ӯ соли 2012-ум ба тими "Равшан"-и Кӯлоб гузашта, баъдан дар ҳайати дастаи "Истиқлол"-и Душанбе низ бозӣ кардааст.
Солҳои 2018-2020 дар тими "Жетису"-и Қазоқистон, моҳҳои аввали соли равон дар ҳайати "Висла"-и Лаҳистон бозӣ кардааст.
Дар ҳолномаи Дэвид Мавутор, ки дар донишномаи озод бо чанд забон нашр шудааст, зикр шудааст, ки ин футболбоз дар баробари шаҳрвандии Гана инчунин шаҳрвандии Тоҷикистонро низ дорад.