Исми ғолиби озмуни "Бонуи ҷаҳон-2021" эълон шуд: ӯ кист?

© AP / John LocherУчастницы конкурса красоты "Мисс Вселенная-2017" в Лас-Вегасе
Участницы конкурса красоты Мисс Вселенная-2017 в Лас-Вегасе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Обуна шудан
Унвони зеботарин бонуи имсола дар озмуни "Бонуи ҷаҳон-2021" насиби хонуми 21-солаи ҳиндӣ Ҳарнааз Сандху аз Чандигарх шуд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ғолиби озмуни бонуфузи зебоии "Бонуи ҷаҳон-2021" дар соли равон Ҳарнааз Сандхуи 21-солаи ҳиндӣ гардид, хабар медиҳад сафҳаи "Твиттер"-и озмуни байналмилалӣ.
Дар видеоҳои нашршуда аз маросими баргузории "Miss Universe" дида мешавад, ки ғолиб аллакай тоҷро аз барандаи қаблӣ Андреа Месии мексикоӣ гирифтааст.
Маълум шуд, ки бонуи нави ҷаҳон 21 сол дорад. Ин духтар дар Чандигарх зиндагӣ ва дар он ҷо ба ҳайси модел кор мекунад.
Ҳангоми эълони натиҷаҳо ҷавонзани ҳиндӣ ашкҳои худро дошта натавониста ва дар саҳна гиря кард.
Ҷойи дувумро ин дафъа намояндаи Африқои Ҷанубӣ Лалела Мсвейн ва сеюмро Надя Феррейра аз Парагвай гирифтанд.
Дар озмуни "Бонуи ҷаҳон" духтарон аз 80 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳарнааз Сандху сеюмин намояндаи Ҳиндустон шуд, ки дар чунин озмун ғолиб омад. Пеш аз ӯ ин унвонро Сушмит Сен соли 1994 ва Лара Дутта соли 2000-ум гирифта буданд
Ёдовар мешавем, марҳилаи ниҳоӣ ҷашнии озмун (70-сола мешавад) дар шаҳри Эйлати Исроил баргузор шуд.
"Бонуи ҷаҳон"-ро барои аввалин бор дар ин кишвар интихоб карданд ва хушбахтона, паҳншавии штамми нави коронавирус монеи баргузории озмун нашуд.
Барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 иштирокчиён аз тамоми ҷаҳон вазифадор буданд, ки пеш аз омадан аз карантин ва пеш аз ҳамоиш чанд бор аз санҷиш гузаранд.
Лентаи хабарҳо
0