Мавлуди Оқохони IV: 13 декабр дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 13 декабря
День 13 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2021
Обуна шудан
Шоҳ Карим Ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария ба дунё омадааст. Ин таърихро исмоилиёни ҷаҳон чун Рӯзи мавлуд ҷашн мегиранд

Муҳимтарин рӯйдодҳои 13 декабр дар ҷаҳон

Соли 1959 СММ қарор қабул намуд, ки дар ҳалли масъалаҳои Алҷазоир ҳамроҳ намешавад.
Соли 1982 бар асари заминларза дар Яман зиёда аз 3000 нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1981 дар Полша вазъияти ҳарбӣ эълон карда шуда, 22 июли соли 1983 бекор гардид.
Соли 1989 Ҳизби Либерал-демократии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

Муҳимтарин рӯйдодҳои 13 декабр дар Тоҷикистон

Соли 2001 дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон санади "Аввалин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон" оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳиндустону Тоҷикистон дар самтҳои савдо, энергетика ва илму техника ба имзо расид.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Соли 2014 дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2010 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи якуми Шӯро оид ба ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
День 12 декабря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2021
Зодрӯзи Чингиз Айтматов: 12 декабр дар таърих
Соли 2011 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ консерти ансамбли фолклории "Яр" ва гурӯҳи рақсии "La Nati Flamenco"-и Федератсияи Русия баргузор гардид.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи муосиртарин ҷанбаи назорати тадбирҳои пешгирии бемории ишемияи дил дар Ҷумҳурии Точикистонро муҳокима намуданд.
Соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон масъалаи рушди соҳибкории иҷтимоӣ ва ҷамоати шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокима карда шуд.
Соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия таҳти унвони "Амали ягона баҳри ҳамбастагӣ бо Байтулмуқаддас" баргузор гардид, суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 декабр

Дар Малта – Рӯзи ҷумҳурӣ.

Рӯзи 13-уми декабр дар Тоҷкистон кӣ ба дунё омадааст?

Солҳои (1826-1897) – шоир, нависанда ва рассоми барҷаста Аҳмади Дониш;
Солҳои (1916-1996) – Сарояндаи халқии Тоҷикистон Нерё Аминов;
Солҳои (1924-2001) – ходими ҷамъиятӣ Рауф Дадабоев.
Лентаи хабарҳо
0