Поре шикаст хӯрд: Оливейра ӯро бӯғӣ кард - видео

Обуна шудан
Натиҷаи мубориза дар раунди сеюм ҳал шуд, вақте Оливейра рақибашро бо роҳи бӯғӣ кардан шикаст дод
Чарлз Оливейра дар мусобиқаи UFC 269 дар Лас-Вегас бар Дастин Пореи амрикоӣ ғолиб омад. Ҳамин тариқ ин бразилиягӣ дар вазни сабук камарбанди қаҳрамонияшро ҳифз кард.
Дар даври аввал Поре фаъолтар буд. Якчанд бор Оливейра ба замин афтод, аммо кӯшиши ҳариф барои ба охир расондани муҳориба барбод рафт.
Дар даври дуюм размкори бразилиягӣ ба ҳамла гузашт ва бо оринҷ ба сару рӯи Поре зарбаҳои қавӣ зад.
Атаман аз рост мезанад: Лаҳзаҳои ҷолиби мусобиқаи UFC - видео
Дар даври савум Оливейра аз пушт ҷаҳида, ӯро бӯғӣ кард. Поре чанд сония муқовимат кард, вале баъд таслим шуд.
Ҳамакнун Оливейра бояд бо размкори дигари амрикоӣ Ҷастин Гейҷӣ мубориза барад.
Ин пирӯзии 32 -юми Оливейраи 32-сола аст. Ӯ ҳашт бор аз сӯйи ҳарифонаш мағлуб шудааст.
Лентаи хабарҳо
0