https://sputnik.tj/20211212/kumak-raisi-sughd-makotibi-mastchoh-taqdim-1044099656.html
Кумаки раиси Суғд ба макотиби Мастчоҳ: 1600 мизу курсӣ тақдим мешавад
Кумаки раиси Суғд ба макотиби Мастчоҳ: 1600 мизу курсӣ тақдим мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Суғд мегӯяд, ба макотиби ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 1600 адад мизу курсӣ тақдим мегарданд
2021-12-12T12:55+0500
2021-12-12T12:55+0500
2021-12-13T17:58+0500
дар тоҷикистон
ноҳия
маориф
суғд
мастчоҳ
курсӣ
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101463/70/1014637050_0:6:1600:906_1920x0_80_0_0_b800c7fc51f170e1ac76c6583a35c240.jpg
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ин мизу курсиҳо, ки барои 3200 нафар пешбинӣ шудаанд, бо дастгирии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд ироа мегарданд, навиштааст дафтари матбуотии ҳукумати вилоят.Ба иттилои манбаъ, аллакай 500 адад мизу курсӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардиданд. Аъзам Ализода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ изҳор доштааст, дар навбати аввал муассисаҳои таълимие, ки ба мирзу курсӣ эҳтиёҷи бештар доранд, аз ин кумак бархурдор хоҳанд шуд. "Дар рӯзҳои наздик боз 1100 адад мизу курсии дигар хоҳад омад. Дар навбати аввал бояд он муассисаҳои таълимиеро, ки аз норасоии мизу курсӣ танқисӣ мешаванд, таъмин кард", - навиштааст дафтари матбуотии ҳукумати Суғд аз қавли Ализода. Раиси навтаъйини Мастчоҳ илова намудааст, ки дар давоми соли равон нақша доранд, бо дастгирии соҳибкорон мактабро бо компютер низ таъмин кунанд. Бар асоси иттилоияи расмӣ, дар маҷмуъ дар ноҳияи Мастчоҳ 47 муассисаи таълимии ноҳия фаъолият дошта, 27 ҳазору 899 нафар хонандаро бо таҳсил фаро гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20211208/ghizo-maktabi-muhassilin-khatlon-boghi-1044017662.html
суғд
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101463/70/1014637050_194:0:1407:910_1920x0_80_0_0_569b2bad8eb2e02ddb678dc4a09fcbae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумат, суғд, мактаб, миз, курсӣ
ҳукумат, суғд, мактаб, миз, курсӣ
Кумаки раиси Суғд ба макотиби Мастчоҳ: 1600 мизу курсӣ тақдим мешавад
12:55 12.12.2021 (Навсозишуда: 17:58 13.12.2021) Ҳукумати Суғд мегӯяд, ба макотиби ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 1600 адад мизу курсӣ тақдим мегардад
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ин мизу курсиҳо, ки барои 3200 нафар пешбинӣ шудаанд, бо дастгирии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд ироа мегарданд, навиштааст дафтари матбуотии ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, аллакай 500 адад мизу курсӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардиданд.
Аъзам Ализода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ изҳор доштааст, дар навбати аввал муассисаҳои таълимие, ки ба мирзу курсӣ эҳтиёҷи бештар доранд, аз ин кумак бархурдор хоҳанд шуд.
"Дар рӯзҳои наздик боз 1100 адад мизу курсии дигар хоҳад омад. Дар навбати аввал бояд он муассисаҳои таълимиеро, ки аз норасоии мизу курсӣ танқисӣ мешаванд, таъмин кард", - навиштааст дафтари матбуотии ҳукумати Суғд аз қавли Ализода.
Раиси навтаъйини Мастчоҳ илова намудааст, ки дар давоми соли равон нақша доранд, бо дастгирии соҳибкорон мактабро бо компютер низ таъмин кунанд.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, дар маҷмуъ дар ноҳияи Мастчоҳ 47 муассисаи таълимии ноҳия фаъолият дошта, 27 ҳазору 899 нафар хонандаро бо таҳсил фаро гирифтаанд.