https://sputnik.tj/20211212/bonki-jahoni-afghoniston-million-dollar-ikhtisos-1044096989.html
Бонки Ҷаҳонӣ ба Афғонистон 280 миллион доллар ихтисос медиҳад
Бонки Ҷаҳонӣ ба Афғонистон 280 миллион доллар ихтисос медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
ЮНИСЕФ 100 миллион доллар дарёфт хоҳад кард, ки аз ин маблағ ба 12,5 миллион нафар кумаки тиббӣ расонда мешавад 12.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-12T09:00+0500
2021-12-12T09:00+0500
2021-12-13T17:06+0500
иқтисод
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042975237_0:149:2903:1782_1920x0_80_0_0_69a2fd5bb644a0c29a8d7fbdf0b3bf3a.jpg
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ то охири сол 280 миллион доллар аз маблағҳои масдудшударо барои дастгирии Афғонистон ба ду созмони имдодрасон месупорад. Гуфта мешавад, ЮНИСЕФ 100 миллион доллар дарёфт мекунад ва ин маблағ ба 12,5 миллион нафар барои кумаки тиббии ҳаётан муҳим ва моякӯбии як миллион нафар алайҳи бемориҳо ихтисос меёбад.Илова бар ин Барномаи ҷаҳонии ғизо барои таъмин намудани 2,7 миллион нафар 180 миллион доллар мегирад.Қаблан фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири департаменти дуюми осиёии Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кабулов гуфта буд, ки Русия талош дорад, Амрикоро ба раҳо намудани дороиҳои Афғонистон мутақоид кунад, аммо ба назар мерасад, Ғарб ин маблағҳоро дидаву дониста дар ин кишвар масдуд кардааст.
https://sputnik.tj/20211211/hushdori-dabiri-kulli-smm-faqru-gurusnagi--1044090284.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042975237_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_91bb14d7954567dc139c44098f91d216.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисод, афғонистон
Бонки Ҷаҳонӣ ба Афғонистон 280 миллион доллар ихтисос медиҳад
09:00 12.12.2021 (Навсозишуда: 17:06 13.12.2021) ЮНИСЕФ 100 миллион доллар дарёфт хоҳад кард, ки аз ин маблағ ба 12,5 миллион нафар кумаки тиббӣ расонда мешавад
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ то охири сол 280 миллион доллар аз маблағҳои масдудшударо барои дастгирии Афғонистон ба ду созмони имдодрасон месупорад.
"Донорҳои Сандуқи эҳёи Афғонистон тасмим гирифтанд, ки то охири моҳи декабри соли 2021 аз маблағҳои худ ба Барномаи ҷаҳонии ғизо (WFP) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) 280 миллион доллар ҷудо кунад", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ЮНИСЕФ 100 миллион доллар дарёфт мекунад ва ин маблағ ба 12,5 миллион нафар барои кумаки тиббии ҳаётан муҳим ва моякӯбии як миллион нафар алайҳи бемориҳо ихтисос меёбад.
Илова бар ин Барномаи ҷаҳонии ғизо барои таъмин намудани 2,7 миллион нафар 180 миллион доллар мегирад.
Қаблан фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири департаменти дуюми осиёии Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кабулов гуфта буд, ки Русия талош дорад, Амрикоро ба раҳо намудани дороиҳои Афғонистон мутақоид кунад, аммо ба назар мерасад, Ғарб ин маблағҳоро дидаву дониста дар ин кишвар масдуд кардааст.