https://sputnik.tj/20211210/zarardida-sel-panjakent-sohib-khona-1044074481.html
Ду хонаводаи зарардида аз сел дар Панҷакент соҳиби манзил шуданд - акс
Ду хонаводаи зарардида аз сел дар Панҷакент соҳиби манзил шуданд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд ду оилаи зарардида аз офати табиӣ соҳиби манзил шуд.
2021-12-10T16:35+0500
2021-12-10T16:35+0500
2021-12-13T08:55+0500
панҷакент
офати табиӣ
хонаҳои нав
манзил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0a/1044073901_0:88:1674:1030_1920x0_80_0_0_f939d4b95a725a71dd56056301f34973.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар вилояти Суғд ду оилаи зарардида аз офати табиӣ соҳиби манзил шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии мақомоти шаҳрдории Панҷакент.Ҳамин тавр ду манзили нав барои хонаводаҳои деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бунёд гардидааст.Тибқи гузориши манбаъ, калиди хонаҳоро раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибонаш тақдим кардааст.Хонаҳои истиқоматӣ ба Нуров Ғолибҷон ва Ҷумъаева Ҳилола, ки манзили зисташон дар натиҷаи селфароӣ хароб гардида буд, супурда шуд.Чуноне қайд мешавад, манзилҳо бо дастгирии ҳукумати кишвар сохта шудаанд.Ёдовар мешавем, моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ тайи як сел се манзили сокинони ҷамоати деҳоти Ёрии Панҷакент хароб шуда буд. Феълан сохтмони хонаи сеюм давом дорад ва ба наздикӣ ба истифода дода мешавад. Қобили зикр аст, ки 19 июли соли 2021 дар ҳудуди чаҳор ноҳияи вилояти Суғд сел фаромад.Беш аз 750 ҳазор тоҷикистонӣ дар хатаранд: КҲФ ҷойҳоро гуфтТибқи гузориши КҲФ Тоҷикистон, бар асари ин офати табиӣ 15 манзили истиқоматии ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент, заминҳои наздиҳавлигӣ, се километр роҳи деҳа низ хароб гашта, 35 сар чорвои сокинон низ талаф ёфта буд.
https://sputnik.tj/20210919/ojonsi-oqokhon-zarardidagon-ofat-tabii-dar-kulob-khona-taqdim-kard-1042356561.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0a/1044073901_93:0:1581:1116_1920x0_80_0_0_872bee92a958a014c380c827580af38c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
панҷакент, хонаҳои нав, манзил, зарардидаҳо,
панҷакент, хонаҳои нав, манзил, зарардидаҳо,
Ду хонаводаи зарардида аз сел дар Панҷакент соҳиби манзил шуданд - акс
16:35 10.12.2021 (Навсозишуда: 08:55 13.12.2021) Манзили се хонавода дар пайи селфароӣ хароб шуда буд. Сохтмони хонаи сеюм идома дорад
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар вилояти Суғд ду оилаи зарардида аз офати табиӣ соҳиби манзил шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии мақомоти шаҳрдории Панҷакент.
Ҳамин тавр ду манзили нав барои хонаводаҳои деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бунёд гардидааст.
Тибқи гузориши манбаъ, калиди хонаҳоро раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибонаш тақдим кардааст.
Хонаҳои истиқоматӣ ба Нуров Ғолибҷон ва Ҷумъаева Ҳилола, ки манзили зисташон дар натиҷаи селфароӣ хароб гардида буд, супурда шуд.
Чуноне қайд мешавад, манзилҳо бо дастгирии ҳукумати кишвар сохта шудаанд.
Ёдовар мешавем, моҳҳои июл ва августи соли ҷорӣ тайи як сел се манзили сокинони ҷамоати деҳоти Ёрии Панҷакент хароб шуда буд.
Феълан сохтмони хонаи сеюм давом дорад ва ба наздикӣ ба истифода дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки 19 июли соли 2021 дар ҳудуди чаҳор ноҳияи вилояти Суғд сел фаромад.
Тибқи гузориши КҲФ Тоҷикистон, бар асари ин офати табиӣ 15 манзили истиқоматии ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент, заминҳои наздиҳавлигӣ, се километр роҳи деҳа низ хароб гашта, 35 сар чорвои сокинон низ талаф ёфта буд.