https://sputnik.tj/20211210/prezident-barrasi-havodis-khorugh-1044063213.html
Дастури президент барои баррасии ҳаводиси Хоруғ: гурӯҳи вижа таъсис шуд
Дастури президент барои баррасии ҳаводиси Хоруғ: гурӯҳи вижа таъсис шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз оғози парванда алайҳи омилони бетартибиҳои ахир дар Хоруғ хабар медиҳанд
2021-12-10T07:00+0500
2021-12-10T07:00+0500
2021-12-10T17:34+0500
дар тоҷикистон
хоруғ
гирдиҳамоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102734/48/1027344892_0:0:2908:1635_1920x0_80_0_0_867bc74b400a0371e1082052c82dacd1.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Бо мақсади тафтиши ҳамаҷониба, шаффоф ва воқеъбинонаи ҳодисаи рухдода ва ҳамзамон ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки даст ба ҷиноят заданд, бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шудааст, хабар медиҳад ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа"- и ВКД.Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи вижаро додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон раҳбарӣ карда, он аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳайати 20 нафар ва 6 нафар аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис шудааст. Гуфта мешавад, пас аз ин ҳаводис вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси КДАМ Саймумин Ятимов вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД ва Вазорати мудофиа, ҷавонони фаъол баргузор кардаанд. Ҳамзамон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва муовини раиси КДАМ генерал-майор Н. Мирзоев дар ноҳияҳои Ишкошим ва Рӯшон бо аҳолӣ вохӯрда, аз ҳодисаҳои рухдода дар шаҳри Хоруғ гуфтаанд.Қайд карда мешавад, ки вазъият дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ зери назорат қарор дошта, тартиботи ҳуҳуқӣ ва амнияти сокинон таъмин мебошад.Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳодисаи мазкур 12 нафар аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучори ҳамлаи мусаллаҳона гардида, бар асари истифода аз корд ва дигар лавозимоти халандаву буранда алайҳи онҳо ин кормандон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ин ниҳод аз ҳалокшудагон танҳо номи Гулбиддин Зиёбековро гирифтааст, ки зимни амалиёт "безарар гардонида шуд", аммо аз ду ҳалокшудаи дигар ва захмиён аз ҳисоби шаҳрвандон нагуфтааст.Ёдовар мешавем, ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гашта буд.Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон дода ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20211129/mirzonabot-maqom-khorugh-1043819001.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102734/48/1027344892_73:0:2661:1941_1920x0_80_0_0_7f51999c549234645f8050ed88992505.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур президент баррасӣ ҳаводис хору
дастур президент баррасӣ ҳаводис хору
Дастури президент барои баррасии ҳаводиси Хоруғ: гурӯҳи вижа таъсис шуд
07:00 10.12.2021 (Навсозишуда: 17:34 10.12.2021) Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз оғози парванда алайҳи омилони бетартибиҳои ахир дар Хоруғ хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Бо мақсади тафтиши ҳамаҷониба, шаффоф ва воқеъбинонаи ҳодисаи рухдода ва ҳамзамон ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки даст ба ҷиноят заданд, бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шудааст, хабар медиҳад ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа"- и ВКД.
Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи вижаро додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон раҳбарӣ карда, он аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳайати 20 нафар ва 6 нафар аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис шудааст.
"Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати шахсоне, ки даст ба бетартибиҳо зада, амалу рафтори ғайриқонунӣ ва ҷиноят содир карданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад", - афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, пас аз ин ҳаводис вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси КДАМ Саймумин Ятимов вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД ва Вазорати мудофиа, ҷавонони фаъол баргузор кардаанд.
Ҳамзамон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва муовини раиси КДАМ генерал-майор Н. Мирзоев дар ноҳияҳои Ишкошим ва Рӯшон бо аҳолӣ вохӯрда, аз ҳодисаҳои рухдода дар шаҳри Хоруғ гуфтаанд.
Қайд карда мешавад, ки вазъият дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ зери назорат қарор дошта, тартиботи ҳуҳуқӣ ва амнияти сокинон таъмин мебошад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳодисаи мазкур 12 нафар аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучори ҳамлаи мусаллаҳона гардида, бар асари истифода аз корд ва дигар лавозимоти халандаву буранда алайҳи онҳо ин кормандон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Ин ниҳод аз ҳалокшудагон танҳо номи Гулбиддин Зиёбековро гирифтааст, ки зимни амалиёт "безарар гардонида шуд", аммо аз ду ҳалокшудаи дигар ва захмиён аз ҳисоби шаҳрвандон нагуфтааст.
Ёдовар мешавем, ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гашта буд.
Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон дода ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.