https://sputnik.tj/20211210/khujand-narkh-gazi-qimat-1044073115.html
Дар Хуҷанд нархи гази моеъ боло рафт
Дар Хуҷанд нархи гази моеъ боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилояти Суғд 20 дирам боло рафту бензин 10 дирам арзон шуд
2021-12-10T15:28+0500
2021-12-10T15:28+0500
2021-12-10T20:47+0500
дар тоҷикистон
қиммат шудан
гази моеъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/44/1028634482_0:0:1968:1107_1920x0_80_0_0_8d3fc62876a90c6f2aa83f7ee3282b5d.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар Хуҷанд нархи гази моеъ ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст, менависад "Sugdnews". Ҳоло дар маркази маъмурии вилояти Суғд гази моеъ бо қимати 7,20-7,30 сомонӣ (0,63-0,64 доллар) ба фурӯш меравад, дар ҳоле ки як ҳафта қабл ин сӯзишворӣ 7 то 7,10 сомонӣ (0,60-0,62 доллар) арзиш дошт. Фурӯшандаҳо таъкид мекунанд, ки тағйирёбии қимати маводи сӯхт ва рӯғанҳои молиданӣ ба тағйири қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ рабт дорад.Бензини навъи АИ-92 дар вилояти Суғд 10,80 сомонӣ (0,95 доллар) ва сӯзишвории дизелӣ 11,00 сомонӣ (0,97 доллар) арзиш дорад. Чанд рӯз пеш арзиши ин навъ бензин ҳудуди 10,90 сомонӣ (0,96 доллар) ва дизел 11,00 сомонӣ (0,97 доллар) буд. Ёдовар мешавем, агар қаблан нархи гази моеъ дар ибтидо ва анҷоми корҳои кишоварзӣ боло мерафт, имсол чунин нашуд. Соли ҷорӣ барои нахустин бор дар Тоҷикистон афзоиши рекордии қимати гази моеъ - 9 сомонӣ (0,79 доллар) барои як литр сабт шуд. Тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 60 дарсади тамоми мошинҳо аз гази моеъ ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд. Аз ин рӯ боло рафтани қимати ин навъи сӯзишворӣ ба қимати ҳамлу нақли мусофирон таъсир расонд. Ҳамин тариқ, нархи роҳкиро дар вилояти Суғд аз 25 то 50% боло рафт.
https://sputnik.tj/20211209/tojikiston-kon-kashf-naft-gaz-1044040870.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/44/1028634482_482:0:1958:1107_1920x0_80_0_0_765fc78d38a1d20ea502f5c84464c010.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд нарх гази қиммат
Дар Хуҷанд нархи гази моеъ боло рафт
15:28 10.12.2021 (Навсозишуда: 20:47 10.12.2021) Нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилояти Суғд 20 дирам боло рафту бензин 10 дирам арзон шуд
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар Хуҷанд нархи гази моеъ ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст, менависад "Sugdnews".
Ҳоло дар маркази маъмурии вилояти Суғд гази моеъ бо қимати 7,20-7,30 сомонӣ (0,63-0,64 доллар) ба фурӯш меравад, дар ҳоле ки як ҳафта қабл ин сӯзишворӣ 7 то 7,10 сомонӣ (0,60-0,62 доллар) арзиш дошт.
Фурӯшандаҳо таъкид мекунанд, ки тағйирёбии қимати маводи сӯхт ва рӯғанҳои молиданӣ ба тағйири қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ рабт дорад.
Бензини навъи АИ-92 дар вилояти Суғд 10,80 сомонӣ (0,95 доллар) ва сӯзишвории дизелӣ 11,00 сомонӣ (0,97 доллар) арзиш дорад.
Чанд рӯз пеш арзиши ин навъ бензин ҳудуди 10,90 сомонӣ (0,96 доллар) ва дизел 11,00 сомонӣ (0,97 доллар) буд.
Ёдовар мешавем, агар қаблан нархи гази моеъ дар ибтидо ва анҷоми корҳои кишоварзӣ боло мерафт, имсол чунин нашуд.
Соли ҷорӣ барои нахустин бор дар Тоҷикистон афзоиши рекордии қимати гази моеъ - 9 сомонӣ (0,79 доллар) барои як литр сабт шуд.
Тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 60 дарсади тамоми мошинҳо аз гази моеъ ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд.
Аз ин рӯ боло рафтани қимати ин навъи сӯзишворӣ ба қимати ҳамлу нақли мусофирон таъсир расонд. Ҳамин тариқ, нархи роҳкиро дар вилояти Суғд аз 25 то 50% боло рафт.