https://sputnik.tj/20211210/kam-air-parvoz-kobul-toshkand-1044077054.html
Ширкати "Kam Air" парвозҳои миёни Кобул ва Тошкандро аз сар гирифт
Ширкати "Kam Air" парвозҳои миёни Кобул ва Тошкандро аз сар гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Реҷаи парвозҳо миёни Кобул ва Тошкандро аз маводи зер дарёбед
2021-12-10T17:50+0500
2021-12-10T17:50+0500
2021-12-22T19:34+0500
афғонистон
ӯзбекистон
барқарор кардан
парвозҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/27/1028692700_89:0:1796:960_1920x0_80_0_0_f6be751d2f0e86b8308a0d976ffd421f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Афғонистон аз 14 декабр парвозҳои мусофирбарии байни Кобул ва Тошкандро аз сар мегирад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.Сухангӯи "Kam Air" қайд кардааст, ки дар аввал парвозҳои мусофирбарӣ дар як ҳафта ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд. Авохири моҳи ноябр оҷонсиии афғонистонии "Bakhtar" бо истинод ба изҳороти сардори ширкати "Kam Air" Змари Комгор хабар дод, ки ҳаракати ҳавоии байни Кобулу Тошканд метавонад дар аввали моҳи декабр барқарор шавад. Ба гуфтаи Комгор, мушкили транзити ҳавоӣ ҳал шудааст. Абдулғанӣ Бародар аз фароҳам шудани шароити ҳамкорӣ бо Тошканд гуфтАммо ҷониби Ӯзбекистон баъдан изҳор кард, ки дар бораи азсаргирии парвозҳои мунтазам байни Кобулу Тошканд хабар надорад.Ғасби ҳукумати Афғонистон аз ҷониби толибонНимаи моҳи август гурӯҳи толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданду бо ҳамин аз анҷоми ҷанг дар кишвар хабар доданд.Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомиёни Амрико дар Афғонистон хотима доданд. "Ҳукумати паштуншумул": тору пуди ҳукумате, ки "Толибон"* эълон кардандҶангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд. Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар замони ҳукмронии нахустини толибон вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда гирифта буд.
https://sputnik.tj/20211210/tolib-loiha-roh-ohani-faromintaqavi-1044069401.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/27/1028692700_302:0:1582:960_1920x0_80_0_0_79ba8d76f8ab548d8d4b764d7d35f18f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, афғонистон, парвозҳо,
ӯзбекистон, афғонистон, парвозҳо,
Ширкати "Kam Air" парвозҳои миёни Кобул ва Тошкандро аз сар гирифт
17:50 10.12.2021 (Навсозишуда: 19:34 22.12.2021) Реҷаи парвозҳо миёни Кобул ва Тошкандро аз хабари зер дарёбед
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Афғонистон аз 14 декабр парвозҳои мусофирбарии байни Кобул ва Тошкандро аз сар мегирад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
"Мо хабари хуш дорем, аз 14 декабр парвозҳоро дубора оғоз мекунем", — гуфтанд дар дафтари ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон ба РИА "Новости".
Сухангӯи "Kam Air" қайд кардааст, ки дар аввал парвозҳои мусофирбарӣ дар як ҳафта ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.
Авохири моҳи ноябр оҷонсиии афғонистонии "Bakhtar" бо истинод ба изҳороти сардори ширкати "Kam Air" Змари Комгор хабар дод, ки ҳаракати ҳавоии байни Кобулу Тошканд метавонад дар аввали моҳи декабр барқарор шавад. Ба гуфтаи Комгор, мушкили транзити ҳавоӣ ҳал шудааст.
Аммо ҷониби Ӯзбекистон баъдан изҳор кард, ки дар бораи азсаргирии парвозҳои мунтазам байни Кобулу Тошканд хабар надорад.
Ғасби ҳукумати Афғонистон аз ҷониби толибон
Нимаи моҳи август гурӯҳи толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданду бо ҳамин аз анҷоми ҷанг дар кишвар хабар доданд.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомиёни Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд.
Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар замони ҳукмронии нахустини толибон вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда гирифта буд.