Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Ҳушдори коршиноси тоҷик аз ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Афғонистон

© Фото : Из личного архива Косимшо ИскандароваКосимшо Искандаров
Косимшо Искандаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Обуна шудан
Ба гуфтаи раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон бояд ин кишвар ба марҳилаи навбатии ҷанги хунини шаҳрвандӣ омода бошад ва нерӯҳои посдори сулҳи СММ ба хоки ин кишвар дароварда шаванд
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тавре дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон, доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшоҳ Искандаров таъкид кардааст, вуруди нерӯҳои посдори сулҳ ҳоло дар нақша нест, аммо нақшаҳо метавонанд хеле зуд тағйир ёбанд.

“Ин ҳолати муқаррарист. Он гоҳ танҳо баъди аз байн бурдани толибон ва баргузории интихоботи озод таҳти назорати посдорони сулҳ метавон чизи мусбатро интизор шуд…”,- қайд кардааст Қосимшоҳ Искандаров.

Ба гуфтаи вай, ба сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон хатари терроризми глобалиро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ баргардонд.
55-летний Гул Мохаммад завтракает, сидя рядом со своими инструментами в ожидании работы на рынке в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Дар Тоҷикистон масъалаи расондани кумаки фаврӣ ба Афғонистон баррасӣ шуд
Вай афзуд, тамоми асосҳо вуҷуд доранд, ба он бовар кунем, ки ин кишвар ҳамчун яке аз гармтарин нуқтаҳои сайёра ба бетартибиҳои боз ҳам бештар дучор хоҳад шуд ва он метавонад дубора ба маркази таълими террористон, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ табдил ёбад.
“Мардуми осоиштаи Афғонистон имрӯз бо даҳшат рӯ ба рӯ шудааст. Мо бояд дарк кунем, ки ин ҳолат аз берун ташкил ва ба мардуми Афғонистон таҳмил шудааст. Гурӯҳҳои гуногуни террористӣ бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар Афғонистон мавқеи худро фаъолона мустаҳкам карда истодаанд”, - гуфт Искандаров.
Ба гуфтаи ӯ, агар тадбирҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, вазъ дар ин кишвар метавонад боз ҳам бадтар шавад.
“СММ ва давлатҳои абарқудрат бояд аз толибон талаб намоянд, ки ваъдаҳои худро иҷро кунанд, ҳукумати фарогир ташкил диҳанд, ба ҳуқуқи занон ва ақаллияти миллӣ эҳтиром гузоранд ва бар зидди терроризми байналмилаливу қочоқи маводи мухаддир мубориза баранд”, - илова кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0