https://sputnik.tj/20211210/du-infijor-kobulro-takon-dod-1044078985.html
Ду инфиҷоре, ки Кобулро такон дод
Ду инфиҷоре, ки Кобулро такон дод
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо аз инфиҷори дувум дар шаҳри Кобул хабар додаанд
2021-12-10T18:41+0500
2021-12-10T18:41+0500
2021-12-13T09:17+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
таркиш
инфиҷор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032494446_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_e2b155a8ba5a1353714b18e0df2e3088.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Шаҳри Кобул дар як рӯз бори дувум аст, ки мавриди ҳамлаи террористӣ қарор мегирад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Тибқи иттилои манбаъ, дар шаҳри Кобул ду инфиҷор сурат гирифт. Инфиҷори дувуми мудҳиш, ки пойтахтро такон дод, дар ғарби Кобул сурат гирифтааст.Гуфта мешавад, баъд аз инфиҷори аввал дар маҳалли Дашти Барчӣ инфиҷори дувум дар минтақаи Пули Сӯхта сурат гирифта, ки аксари бошандагони ин маҳал аз миллати ҳазораи шиамазҳаб мебошанд.Манбаъ хабар додааст, ки видеои авоқиби ин инфиҷор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Шоҳидони маҳаллӣ мегӯянд, ҳар ду инфиҷор тавассути худрави “Тойота” сурат гирифтааст. То кунун дар мавриди шумори дақиқи қурбониёни ин ҳамла маълумоти дақиқ мавҷуд нест.Дар ҳоли ҳозир расонаҳо дар бораи ду кушта ва чаҳор захмӣ хабар медиҳанд.Толибон то ҳол дар бораи инфиҷорҳои ахире, ки дар пойтахти Афғонистон сурат гирифтаанд, тавзеҳоте ироа накардаанд.
https://sputnik.tj/20211023/bozdoshti-gumonbaroni-infijor-barqrasontolibon-1043057888.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032494446_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_ca96b2832ae62653cac21ebb3d1cce49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, кобул, таркиш, инфиҷор
афғонистон, кобул, таркиш, инфиҷор
Ду инфиҷоре, ки Кобулро такон дод
18:41 10.12.2021 (Навсозишуда: 09:17 13.12.2021) Расонаҳо аз инфиҷори дувум дар шаҳри Кобул хабар доданд
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Шаҳри Кобул дар як рӯз бори дувум аст, ки мавриди ҳамлаи террористӣ қарор мегирад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар шаҳри Кобул ду инфиҷор сурат гирифт. Инфиҷори дувуми мудҳиш, ки пойтахтро такон дод, дар ғарби Кобул сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, баъд аз инфиҷори аввал дар маҳалли Дашти Барчӣ инфиҷори дувум дар минтақаи Пули Сӯхта сурат гирифта, ки аксари бошандагони ин маҳал аз миллати ҳазораи шиамазҳаб мебошанд.
Манбаъ хабар додааст, ки видеои авоқиби ин инфиҷор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Шоҳидони маҳаллӣ мегӯянд, ҳар ду инфиҷор тавассути худрави “Тойота” сурат гирифтааст. То кунун дар мавриди шумори дақиқи қурбониёни ин ҳамла маълумоти дақиқ мавҷуд нест.
Дар ҳоли ҳозир расонаҳо дар бораи ду кушта ва чаҳор захмӣ хабар медиҳанд.
Толибон то ҳол дар бораи инфиҷорҳои ахире, ки дар пойтахти Афғонистон сурат гирифтаанд, тавзеҳоте ироа накардаанд.