Дар Самарқанд фурудгоҳи нави байналмилалӣ ифтитоҳ шуд

© © Пресс-служба правительства / Алишер АлиевПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев прибыл на Boeing 767-300, обслуживаемый компанией Uzbekistan Airways. В аэропорту его встретил премьер-министр Мухаммедкалый Абылгазиев
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев прибыл на Boeing 767-300, обслуживаемый компанией Uzbekistan Airways. В аэропорту его встретил премьер-министр Мухаммедкалый Абылгазиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Обуна шудан
Фурудгоҳ бо таҷҳзоти каммасраф ва низоми фуруд, ки ба категорияи дуюми Созмони байналмилалии ҳавонавардии кишварӣ мувофиқ аст, муҷаҳҳаз шудааст
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар Ӯзбекистон боз як фурудгоҳи байналмилалӣ ба кор шуруъ кард. Майдони ҳавоии Самарқанд аз 10 декабр омодаи анҷоми парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ аст, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Ин фурудгоҳ дорои хатти парвози 3105-метрӣ, ки арзаш 60 метр аст ва роҳҳои таксомоторию перрон барои таваққуфи 24 ҳавопаймо мебошад.
Он бо таҷҳизоти каммасраф ва низоми фурудоӣ, ки аз талаботи категорияи дуюми Созмони байналмилалии ҳавонавардии кишварӣ аст, муҷаҳҳаз шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар фурудгоҳ ҳоло ҳам идома доранд.
Аммо бояд қайд кард, то ҳол дар тоблуи онлайнии фурудгоҳ парвозҳои байналмилалӣ аз Душанбе ва Хуҷанд ба ин ҷо вуҷуд надоранд, дар ҳоле ки то моҳи октябри соли 2021 миёни ин шаҳрҳои Тоҷикистон ва Самарқанд чунин масири ҳавоӣ вуҷуд дошт.
Ҳамакнун шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба Ӯзбекистон бираванд, метавонанд танҳо тавассути роҳи ҳавоӣ ба Тошканд бирасанд. Чипта аз Душанбе то Тошкандро бо 5 ҳазор рубл (ҳудуди 760 сомонӣ) харидан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, майдони ҳавоии Самарқанд рӯзи 20-уми октябр ба далели омодагӣ ба баҳрабардорӣ таътил шуда буд.
Архитектурный комплекс Регистан в Самарканде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Самарқанд бузург мешавад
Парвозҳо ба ин шаҳр муваққатан ба дигар фурудгоҳҳои байналмилалии Ӯзбекистон – "Навоӣ", "Бухоро" ва "Қаршӣ" мунтақил шуда, аз ин шаҳрҳо бо Самарқанд иртиботи заминӣ вуҷуд дошт.
Ёдовар мешавем, ҳудуди як моҳ қабл ширкати "Uzbekistan Airports" ҳушдор дода буд, ки корҳои сохтмонӣ дар фурудгоҳи Самарқанд ба таъхир афтодааст.
Ифтитоҳи он дар ибтидо то 20 ноябр пешбинӣ шуда буд. Таъхир ба сохтмони маҷмааи нави фурудгоҳ дар доираи омодагӣ ба нишасти сарони СҲШ, ки соли 2022 баргузор мешавад, марбут будааст.
Лентаи хабарҳо
0