Рӯйхати аввалияи намудҳои варзиши Бозиҳои олимпии 2028: боксу вазнабардорӣ ворид нестанд?

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкОлимпийские кольца
Олимпийские кольца - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Обуна шудан
Кумитаи байналмилалии олимпӣ феҳрасти аввалияи варзишҳоеро баррасӣ намудааст, ки вориди барономаи Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес дар соли 2028 мешаванд
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Бисту ҳашт намуди варзиш, аз ҷумла скейтбозӣ, шӯхпаймоии варзишӣ ва мавҷбозӣ барои дохил шудан ба Барномаи ибтидоии варзишии LA-28 пешниҳод мешаванд, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ афзуд, феҳрасти мазкур ба иҷлосияи КБО дар моҳи феврали соли 2022 ироа мегардад.
КМО Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар барномаи ибтидоӣ варзишҳои бокс, вазнабардорӣ ва панҷҳарбаи муосир ворид нашудаанд.
"Масъалаи ба барномаи ибтидоии варзишии LA-28 дохил кардани ин намудҳои варзиш дар иҷлосияи КБО дар соли 2023 баррасӣ мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин таъкид шудааст, ки Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Лос Анҷелес-2028 аз ҳаққи пешниҳоди намудҳои иловагии варзишӣ то соли 2023 бархӯрдор мебошад.
Футболбозони тими Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
"Хуҷанд" барандаи панҷкаратаи Ҷоми Тоҷикистон гашт
Зикр гардиидааст, ки варзишҳои скейтбозӣ, мавҷбозӣ ва шӯхпаймоии варзишӣ ба далели муваффақ буданашон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 вориди 28 намуди варзишӣ шудаанд.
Инчунин илова гардидааст, ки бокс, вазнабардорӣ ва панҷҳарбаи муосир метавонанд ба Барномаи ибтидоии варзишии LA-28 дар соли 2023 дохил шаванд, агар то он вақт федератсияҳои дахлдори байналмилалӣ Шӯрои иҷроияи КБО-ро қаноатманд намоянд.
Аз ҷумла тавзеҳ дода шудааст, ки Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) бояд нишон диҳад, ки нигарониҳои ҷории марбут ба идоракунии он, шаффофияти молӣ, устуворӣ ва якпорчагии равандҳои довариро бомуваффақият ҳал кардааст.
Инчунин Федератсияи байналмилалии вазнабардорӣ (IWF) бояд масоили марбути допинг дар варзишро ҳал кунанд ва истиқлоли барномаи зиддидопингиро таъмин созад.
Лентаи хабарҳо
0