Шаҳрдори Хуҷанд: Даромади буҷаи умумӣ бештар иҷро шуд

© Sputnik Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд
Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар як ҷаласа аз муваффақияти худ дар бахши иқтисод хабар доданд
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд ахиран дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ хабар дод, ки дар давоми 11 моҳи соли равон қисми даромади буҷаи умумӣ 474, 8 миллион сомонӣ ё худ 102 фисад барзиёд иҷро шуд.
Вай афзуд, нақшаи буҷаи маҳаллӣ бошад, аз нақшаи тасдиқгардида беш аз 9,9 миллион сомонӣ барзиёд иҷро шуд, ки 225 миллион сомониро дар бар мегирад.
Раиси Хуҷанд қайд кард, ки дар тамоми бахшҳои шаҳрдорӣ корҳои бунёдкориву созандагӣ идома дорад.
Вай илова кард, ки таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоиста ба мардум асоси фаъолияти онҳост.
Фирдавс Шарифзода ба муовини аввалу муовинонаш дар бораи тақвияти корҳои созандагӣ, иҷрои босифати нақшаи даромади буҷети давлатӣ, таъмини нақшаи корҳои ободонӣ, вусъати корҳои мавсими гулшинонию ниҳолшинонӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, таъмини мунатазами аҳолӣ бо барқу дигар инфрасохтори хизматрасонӣ супоришҳои мушаххас дод.
 Таъмиру азнавбарқароркунии Қалъаи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Ҳавлиҳои қадимӣ, чойхона ва ҳаммом: Қалъаи Хуҷанд таъмир мешаванд - акс
Инчунин шаҳрдори Хуҷанд ба мақомдорон дар бораи фарогирии мардум ба ваксина, тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳандозии чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатии корхонаҳо, таҷдиду азнавсозии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, суръатбахшии сохтмонҳо, пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо ва ғайраҳо дастуру супориш дод.
Ҳамзамон Фирдавс Шарифзода дар анҷоми ҷаласаи корӣ вобаста ба фарорасии Соли Нави милодӣ аз роҳбарони дахлдор даъват кард, ки барои оростани дастархони идона дар хонаҳои бачагон, пиронсолон, қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, аёдати ятимону бепарасторон мусоидат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0