Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон: кӣ бурду кӣ бохт?

Обуна шудан
Бошгоҳҳои футбол дар қаҳрамонии кишвар талошҳои ҷиддӣ нишон доданд. Асосан барои ҷойи сеюм ва хориҷ нашудан аз Лигаи олӣ дастаҳо талош карданд, аммо бахт ба рӯйи баъзе аз тимҳо нахандид
Якшанбеи гузашта дар Тоҷикистон бозиҳои ниҳоии Қаҳрамонии 30-юми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.
Тавре интизор мерафт, "Истиқлол" бо дарёфти холҳои аз ҳама баланд садрнишини бошгоҳҳои қавии кишвар ва ҳамчунин қаҳрамон шуд. Дар пайи тими пойтахт бошгоҳи "Хучанд" қариб чун анъана ҷойи дуюмро гирифт.
Танҳо дар мубориза барои ҷои сеюм сарусадо зиёд шуд: ин ба вохӯриҳои финалӣ вобаста буд, ки кадом бошгоҳе ба қатори беҳтаринҳои кишвар дохил мешавад. Дар ин марҳила ССКА "Истаравшан"-ро шикаст дода, имкони ширкат дар мусобиқоти байналмиллалиро пайдо кард.
"Истиқлол"-и Душанбе соли оянда дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC бозӣ хоҳад кард. Барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ "Хуҷанд" ва ССКА бошанд, ҳуқуқи муаррифии Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022-ро ба даст оварданд.
Лентаи хабарҳо
0