Муҳриддин санги асос гузошт: бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Тошканд сохта мешавад

© Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷСироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон санги асос гузошт
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон санги асос гузошт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Обуна шудан
Дар шаҳри Тошканд дар масоҳати 1,40 га замин сафорати ҷадиди Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар Ӯзбекистон бинои нави Сафорати Тоҷикистон сохта мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими гузоштани санги асос вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Тоҷикистон дар он кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ин иқдом аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон роҳандозӣ шуд ва ҳоло бинои нав дар масоҳати 1,40 га замин бунёд мегардад.
Флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳамдигар замин медиҳанд: чаро?
Бинои сафорати нав дар ноҳияи Себзор бо маблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Тибқи лоиҳа, маҷмааи биноҳои сафорат аз қароргоҳи сафир, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон, толори зиёфат ва маҷлисгоҳ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат аст.
Қаблан дар Ӯзбекистон Протоколи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бораи додани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ ба тасвиб расида буд.
Лентаи хабарҳо
0