https://sputnik.tj/20211209/muhojiron-rusiya-maosh-nazarpursi-1044058139.html
Муҳоҷирон дар Русия чӣ қадар маош мегиранд: натиҷаи назарпурсӣ
Муҳоҷирон дар Русия чӣ қадар маош мегиранд: натиҷаи назарпурсӣ
Sputnik Тоҷикистон
Чунин натиҷаро пас аз як таҳқиқоти сотсиологӣ, ки дар он қариб панҷ ҳазор муҳоҷир ширкат дошт, ба даст овардаанд 09.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-09T19:50+0500
2021-12-09T19:50+0500
2021-12-09T19:50+0500
муҳоҷират
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_b693c9894ad1b118681ebc9a05c57a99.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Маоши миёнаи муҳоҷирони корӣ дар Русия қариб ба 50 ҳазор рубл мерасад, гуфт президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов зимни муаррифии "Соҳаи муҳоҷирати Федератсияи Русия дар соли 2021: натиҷаҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо". Маълумот дар давоми соли 2021 ҷамъоварӣ карда шуд ва дар пажуҳиш 4739 нафар иштирок дошт. Иштирокдорони ин назарпурсӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон будаанд.Аз рӯи натиҷаҳои пурсиш маълум гардид, ки як коргар ба ҳисоби миёна 47 ҳазору 100 рубл маош мегирад. Музди миёнаи дилхоҳ, ба андешаи посухдиҳандагон, 77,200 рубл аст.Коженов қайд мекунад, навкороне, ки забони русиро медонанд, назар ба онҳое, ки забони русиро хуб намедонанд, ба ҳисоби миёна 35% зиёдтар – мутаносибан 49 ҳазор ва 37 ҳазор рубл маош мегиранд.Тақрибан 22 дарсад ҳашт соат ё камтар аз он кор мекунанд. Инчунин 27,5 фоизи пурсидашудагон аз ҳашт то даҳ соат дар як рӯз кор менмоянд. Дар ҳамин ҳол 54,4 фисади муҳоҷирон қайд намудаанд, ки маҳз маоши ночиз онҳоро маҷбур намудааст, ки вориди Русия шаванд. Ҳамзамон 18 фисади пурсидашудаҳо аз паст будани сатҳи зиндагӣ дар кишвари худ шикоят намудаанд.
https://sputnik.tj/20211209/putin-vazi-muhojiron-rusiya-sharh-dod-1044053683.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032674176_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b89228a5ca280c2a4e35498c99ec68c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, дар русия
Муҳоҷирон дар Русия чӣ қадар маош мегиранд: натиҷаи назарпурсӣ
Чунин натиҷаро пас аз як таҳқиқоти сотсиологӣ, ки дар он қариб панҷ ҳазор муҳоҷир ширкат дошт, ба даст овардаанд
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Маоши миёнаи муҳоҷирони корӣ дар Русия қариб ба 50 ҳазор рубл мерасад, гуфт президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов зимни муаррифии "Соҳаи муҳоҷирати Федератсияи Русия дар соли 2021: натиҷаҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо".
Маълумот дар давоми соли 2021 ҷамъоварӣ карда шуд ва дар пажуҳиш 4739 нафар иштирок дошт. Иштирокдорони ин назарпурсӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон будаанд.
Аз рӯи натиҷаҳои пурсиш маълум гардид, ки як коргар ба ҳисоби миёна 47 ҳазору 100 рубл маош мегирад. Музди миёнаи дилхоҳ, ба андешаи посухдиҳандагон, 77,200 рубл аст.
Коженов қайд мекунад, навкороне, ки забони русиро медонанд, назар ба онҳое, ки забони русиро хуб намедонанд, ба ҳисоби миёна 35% зиёдтар – мутаносибан 49 ҳазор ва 37 ҳазор рубл маош мегиранд.
Тақрибан 22 дарсад ҳашт соат ё камтар аз он кор мекунанд. Инчунин 27,5 фоизи пурсидашудагон аз ҳашт то даҳ соат дар як рӯз кор менмоянд.
Дар ҳамин ҳол 54,4 фисади муҳоҷирон қайд намудаанд, ки маҳз маоши ночиз онҳоро маҷбур намудааст, ки вориди Русия шаванд. Ҳамзамон 18 фисади пурсидашудаҳо аз паст будани сатҳи зиндагӣ дар кишвари худ шикоят намудаанд.