Миҷгона ҳарифони лаҳистониву муғулашро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт

© Национальный олимпийский комитет РТЖенский бой чемпионата Азии по боксу
Женский бой чемпионата Азии по боксу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Обуна шудан
Дар даври ниманиҳоӣ бонуи муштзани тоҷик бо намояндаи Русия муштзанӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар Русия ҷоми 18-уми бокси ҷаҳонӣ миёни бонувону мардон ҷараён дорад. Ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи бокси Тоҷикистон, рӯзи дуюми ин мусобиқа анҷом ёфт ва намояндаи Тоҷикистон Миҷгона Самадова бо мағлуб кардани ду ҳарифаш ба даври ниманиҳоӣ гузашт.
Гуфта мешавад, Самадова дар даври аввали Ҷоми бокси ҷаҳонӣ бар варзишгари Муғулистон пирӯз шуд ва дар марҳилаи баъдӣ ҳарифашро аз Лаҳистон низ шикаст дод.
Таджикский боксер на ринге Шаббос Негматуллоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Шаббос Неъматуллоев дар Чемпионати ҷаҳонии бокс ҳарифи олмонияшро шикаст дод: видео
Манбаъ меафзояд, Миҷгона Самадова дар даври ниманиҳоӣ бо намояндаи Русия муштзанӣ менамояд.
Бояд зирк намуд, ки намояндагони дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Шоира Зулқайнарова ва Сулаймон Нодиров дар рӯзи дуюми мусобиқа аз тарафи ҳарифони худ мағлуб шуданд.
Ин мусобиқа дар Русия миёни занону мардони аз 19 то 40-сола ба хотири Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Фармон Салмонов баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0