Кумаки 560-ҳазордолларии Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ ба варзишкорони афғонистонӣ

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкВывеска штаб-квартиры Международного олимпийского комитета (МОК) в Лозанне, архивное фото
Вывеска штаб-квартиры Международного олимпийского комитета (МОК) в Лозанне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Обуна шудан
Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ эълом кард, ба варзишкорони Афғонистон кумаки молӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ, ки ба хуруҷи 300 варзишкори афғонистонӣ аз ин кишвар кумак карда буд, 560 ҳазор доллар ба варзишкороне, ки ҳанӯз дар ин кишвар боқӣ мондаанд, пардохт хоҳанд кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ, Томас Бах, раиси Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ гуфт: "Ба лутфи дипломосӣ, толибон ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Кумитаи Олимпӣ ба аъзои ҷомеаи олимпикро, ки ҳанӯз дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд, пазируфтааст".
Страны мира. Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Тими миллии крикети Афғонистон намехоҳад ба Кобул баргардад
Тибқи тасмими Кумитаи Байнулмилалии Олимпӣ, 560 ҳазор доллар миёни ду ҳазор варзишгари олимпӣ ва паралимпии Афғонистон тақсим карда мешавад.
Томас Бах гуфт, Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ рӯзи 18-уми ноябр дар Қатар бо толибон дар бораи варзишкороне, ки ҳанӯз дар Афғонистон ҳастанд, бахусус занону духтарон музокиротро оғоз кард.
Лентаи хабарҳо
0