https://sputnik.tj/20211209/hunarnamoi-mir-maftun-tolibon-video-1044043540.html
"Зинда бод ислом!": Ҳунарнамоии Мир Мафтун дар назди толибон - видео
"Зинда бод ислом!": Ҳунарнамоии Мир Мафтун дар назди толибон - видео
Sputnik Тоҷикистон
Мир Мафтун, маҳаллисарои маъруфи Афғонистон барои толибон сурудхонӣ кард
2021-12-09T13:40+0500
2021-12-09T13:40+0500
2021-12-09T15:38+0500
фарҳанг
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042977832_0:186:792:632_1920x0_80_0_0_a03be62e5bee8571d9ecacbee185ce05.png
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Толибон қаблан дар Афғонистон садо додани мусиқии зиндаро манъ ва ҳатто барои ин кор чанд нафарро қатл карда буданд.Вале ба шабакаи "Twitter" видеое роҳ ёфтааст, ки дар он овозхони мардумӣ Мир Мафтун дар байни толибон сурудхонӣ мекунад ва онҳо бо завқ ӯро гӯш ва ҳатто ҳамовозӣ ҳам менамоянд.Дар ведоеи нашршуда Мир Мафтун қабл аз сурудхонӣ "Зинда бод ислом!" гуфту доиранавозӣ кард ва суруди ошиқонае хонд.Сурудхонии Мир Мафтун дар назди толибон дар ҳолест, ки қаблан онҳо барои садо додани мусиқӣ дар як ҷашни арӯсие вориди тӯйхона шуда, ду нафарро кушта ва чанд тани дигарро захмӣ намуда буданд.Ёдовар мешавем, ки овозхон Мир Мафтун ду моҳи пеш пас аз суқути аксари вилоёти Афғонистон ба Душанбе омада ва чанд муддат дар Тоҷикистон монд.Аммо баъдан Ҳоҷӣ Малик Парвоз, рӯбобнавози Мир Мафтун ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, овозхони маъруф ба Ватан баргашт."Толибҳо пешвоз гирифтанд": Мир Мафтун, овозхони шинохта ба Афғонистон баргаштМири Мафтун бори аввал соли 2013 бо даъвати Президент Тоҷикистон ба Тоҷикистон омада, барнома иҷро карда буд. Дар як маҳфил Эмомалӣ Раҳмон ӯро як ҷомаи зардӯхти тоҷикӣ туҳфа кард, ки баъдҳо бо он дар барномаҳои телевизионҳои Афғонистон баромад карда, бо ифтихор мегуфт, он туҳфаи раисҷумҳури Тоҷикистон аст.Аз ҳамон солҳо ба ин сӯ Мир Мафтун меҳмони ҳамешагии Тоҷикистон мешуду дар консерту ҷашнвораҳои гуногуни кишвар иштирок мекард. Соли равон ӯ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Бохтар, дар се консерти наврӯзӣ бо иттифоқи ҳамтоёни тоҷики худ ширкат кард.Соли 2020 Вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон ба ӯ унвони Устодро дод, ки бузургтарин арҷгузорӣ ба ҳунару истеъдоди як овозхон дар Афғонистон маҳсуб мешавад.Мир Мафтун ҳудуди 60 сол дошта, дар маркази вулусволии Ишкошим зиндагӣ мекунад ва асосан бо хондани сурудҳои маҳаллӣ маъруф гаштааст. Вай як писар дорад.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042977832_0:180:792:774_1920x0_80_0_0_0a3f8fa8cd135b2f3ba741956da32a6f.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мир мафтун афғонистон
"Зинда бод ислом!": Ҳунарнамоии Мир Мафтун дар назди толибон - видео
13:40 09.12.2021 (Навсозишуда: 15:38 09.12.2021) Мир Мафтун, маҳаллисарои маъруфи Афғонистон барои толибон сурудхонӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Толибон қаблан дар Афғонистон садо додани мусиқии зиндаро манъ ва ҳатто барои ин кор чанд нафарро қатл карда буданд.
Вале ба шабакаи "Twitter" видеое роҳ ёфтааст, ки дар он овозхони мардумӣ Мир Мафтун дар байни толибон сурудхонӣ мекунад ва онҳо бо завқ ӯро гӯш ва ҳатто ҳамовозӣ ҳам менамоянд.
Дар ведоеи нашршуда Мир Мафтун қабл аз сурудхонӣ "Зинда бод ислом!" гуфту доиранавозӣ кард ва суруди ошиқонае хонд.
Сурудхонии Мир Мафтун дар назди толибон дар ҳолест, ки қаблан онҳо барои садо додани мусиқӣ дар як ҷашни арӯсие вориди тӯйхона шуда, ду нафарро кушта ва чанд тани дигарро захмӣ намуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки овозхон Мир Мафтун ду моҳи пеш пас аз суқути аксари вилоёти Афғонистон ба Душанбе омада ва чанд муддат дар Тоҷикистон монд.
Аммо баъдан Ҳоҷӣ Малик Парвоз, рӯбобнавози Мир Мафтун ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, овозхони маъруф ба Ватан баргашт.
Мири Мафтун бори аввал соли 2013 бо даъвати Президент Тоҷикистон ба Тоҷикистон омада, барнома иҷро карда буд. Дар як маҳфил Эмомалӣ Раҳмон ӯро як ҷомаи зардӯхти тоҷикӣ туҳфа кард, ки баъдҳо бо он дар барномаҳои телевизионҳои Афғонистон баромад карда, бо ифтихор мегуфт, он туҳфаи раисҷумҳури Тоҷикистон аст.
Аз ҳамон солҳо ба ин сӯ Мир Мафтун меҳмони ҳамешагии Тоҷикистон мешуду дар консерту ҷашнвораҳои гуногуни кишвар иштирок мекард. Соли равон ӯ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Бохтар, дар се консерти наврӯзӣ бо иттифоқи ҳамтоёни тоҷики худ ширкат кард.
Соли 2020 Вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон ба ӯ унвони Устодро дод, ки бузургтарин арҷгузорӣ ба ҳунару истеъдоди як овозхон дар Афғонистон маҳсуб мешавад.
Мир Мафтун ҳудуди 60 сол дошта, дар маркази вулусволии Ишкошим зиндагӣ мекунад ва асосан бо хондани сурудҳои маҳаллӣ маъруф гаштааст. Вай як писар дорад.