Тағйири иқлим ва хушксолӣ: ҷаласаи фаврии раиси вилояти Хатлон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанГлава Хатлонской области Курбон Хакимзода
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Обуна шудан
Ахиран дар бинои ҳукумати вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи фаврӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Дар ҷаласаи мазкур муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, қисман сардору мудирони раёсату шуъбаҳои дахлдори мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Тибқи иттилои манбаъ, масъалаи асосии ҷаласа ин таъғирёбии иқлим, афзоиши гармии ҳаво ва хушксолӣ буд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки нахуст дар ин ҷаласаи фаврӣ муовини аввали раиси вилоят Салимзода Амонулло дар бахши кишоварзӣ, Собирзода Мирзо, сардори Раёсати бехдошти замин, обёрии вилоят дар бахши таъмини об, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва истифодаи дурусти дастгоҳҳои обкашӣ ҳисобот доданд.
Купюры сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2021
Мақомот аз камшавии бақияи қарзҳои андоз дар вилояти Хатлон хабар доданд
Раиси вилоят ҳам дар ин ҷаласа суханронӣ карда, қайд кардааст, ки кишти тирамоҳиро саривақт иҷро намуда, бинобар омадани гармии ҳаво ва наборидани барфу борон ҳамаи дастгоҳҳои обкаширо бо барқ таъмин ва ба кор дароварда, тамоми заминҳои киштшударо обёрӣ кунанд.
Ҳамзамон раиси вилоят ба мақомдорон дастур додааст, ки ба фаъолон дар бораи зиёд кардани кишти картошка, сиҳҳат нигоҳ доштани аҳолӣ ва гузаронидани ваксиназанӣ, инчунин барои иҷрои саривақтии обуна ба нашрияву маҷаллаҳои даврӣ дидору гуфтугӯ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0