https://sputnik.tj/20211208/sadama-margbor-mersedes-zan-farzand-kudakon-video-1044014920.html
Садамаи маргбор: ронандаи масти "Мерседес" аъзои як оиларо зер кардааст
Садамаи маргбор: ронандаи масти "Мерседес" аъзои як оиларо зер кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз садамаи маргбор дар пойтахт хабар додааст, ки бар асари сархӯшии ронанда ва ҳаракат бо суръати баланд рух додааст
2021-12-08T12:17+0500
2021-12-08T12:17+0500
2021-12-08T13:39+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
марги зани тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/29/1029492977_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_392c548edb4653c0918e9350d00aafff.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Як оила бо шумули зани шавҳар ва ду фарзандашон зери чархи "Мерседес"-и таҳти идораи ронандаи маст мондаанд, хабар дод мақомоти умури дохилии Душанбе. Ба иттилои манбаъ, ронандаи 33-солаи "Мерседес Бенс-200" дар ҳолати мастӣ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе нахуст бо қисмати қафои автомашина ба деворчаи бетонии байни роҳ бархӯрдааст. Таъкид шудааст, ки сипас 4 пиёдагард, аъзои як оила, аз ҷумла марди 39-сола, ҳамсари 33-сола ва ду фарзанди ҳашт ва сесолаашонро зер намудаст. Мақомот мегӯянд, мутаассифона, ҳаштуми декбар бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардошта, падари хонадон – марди 39-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Феълан ронанда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, дар 11 моҳи соли равон чаҳор садама бо айби ронандагони маст рух додааст, ки дар натиҷа ҳафт нафар ҳалок ва ҳашт нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Бар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ё ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 18 ҳазор сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол пешбинӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20211204/sadama-halokat-kudak-charkh-dulan-1043937557.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/29/1029492977_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_b1ab7724989b3c81cac26aba4bb13c7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раёсати умури дохилӣ, шаҳри душанбе, маргбор, суръат, ҳаракат
раёсати умури дохилӣ, шаҳри душанбе, маргбор, суръат, ҳаракат
Садамаи маргбор: ронандаи масти "Мерседес" аъзои як оиларо зер кардааст
12:17 08.12.2021 (Навсозишуда: 13:39 08.12.2021) Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз садамаи маргборе дар пойтахт хабар додааст, ки бар асари сархушии ронанда ва ҳаракат бо суръати баланд рух додааст
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Як оила бо шумули зани шавҳар ва ду фарзандашон зери чархи "Мерседес"-и таҳти идораи ронандаи маст мондаанд, хабар дод мақомоти умури дохилии Душанбе.
Ба иттилои
манбаъ, ронандаи 33-солаи "Мерседес Бенс-200" дар ҳолати мастӣ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе нахуст бо қисмати қафои автомашина ба деворчаи бетонии байни роҳ бархӯрдааст.
Таъкид шудааст, ки сипас 4 пиёдагард, аъзои як оила, аз ҷумла марди 39-сола, ҳамсари 33-сола ва ду фарзанди ҳашт ва сесолаашонро зер намудаст.
Мақомот мегӯянд, мутаассифона, ҳаштуми декбар бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардошта, падари хонадон – марди 39-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Феълан ронанда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, дар 11 моҳи соли равон чаҳор садама бо айби ронандагони маст рух додааст, ки дар натиҷа ҳафт нафар ҳалок ва ҳашт нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Бар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ё ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 18 ҳазор сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол пешбинӣ гардидааст.