СААД зерсохти низомии Тоҷикистонро таҳким мебахшад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкНачальник Генерального штаба Вооруженных сил РФ Валерий Герасимов, архивное фото
Начальник Генерального штаба Вооруженных сил РФ Валерий Герасимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Обуна шудан
Сардори Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Русия гуфт, зерсохти низомии Тоҷикистон навсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Зерсохти низомии Тоҷикистон ба манфиати нерӯҳои муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳким бахшида мешавад, изҳор дошт сардори Кумитаи низомии СААД, фармондеҳи Ситоди кулли артиши Русия Валерий Герасимов.
Ӯ ин нуктаро ҳаштуми декабар дар пайи ҷаласаи Кумитаи низомии СААД, ки фармондеҳони ситодҳои кулли қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узвро дар бар мегирад, баён дошт.
"Самтҳои асосии фаъолияти минбаъда барои такмили иншооти низомӣ ва зерсохт дар қаламрави Тоҷикистон ба манфиати нерӯҳои эътилофии муштараки СААД муайян карда шуданд", - хабар додааст РИА "Новости" аз қавли Герасимов.
ПВО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Тоҷикистон созишномаи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро бо Русия тасвиб кард
Тибқи баҳогузории сардори Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Русия, ҳадафҳои гузошташуда пеши Кумитаи низомии СААД амалӣ шудаанд.
"Натиҷаҳо бошад, барои таҳкими низоми таъмини амнияти гурӯҳӣ ва суботи минтақаӣ мусоидат мекунанд", - таъкид кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки парлумони Тоҷикистон ахиран тарҳи созишномаи Душанбе ва Маскавро барои ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ тасвиб кард.
Масоили амниятӣ, махсусан дар пайи сари қудрат омадани толибҳо дар Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, ба марзи Тоҷикистон бо ин кишвар, ки сарҳади ҷанубии СААД мебошад, диққати махсус дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0