Пули хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз соли 2022 афзоиш меёбад: Чанд cомонӣ?

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Обуна шудан
Ҳаққи хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон, ки феълан 25 ҳазору 200 сомонӣ мебошад, аз аввали соли оянда ба андозаи 1 ҳазору 680 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Мизони пардохти пул бар ивази рафтан ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз аввали соли 2022 ба 26 ҳазору 880 сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ҳаҷми маблағ ба ивази адои хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад.
Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки феълан 60 сомонӣ мебошад, аз аввали соли оянда ба 64 сомонӣ баробар мешавад.
Проводы в армию таджикских новобранцев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Қоидаи нав: вазорат гуфт, даъвати тирамоҳӣ ба охир расид, аммо даъвати баҳорӣ сар шуд
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир андохтани муҳлати хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ихтиёран бо пардохти маблағи зикршуда аз ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ гузаранду билети ҳарбӣ гиранд.
Болоравии нархи хидмат дар ҳолест, ки бар асоси қонуни нави буҷа, аз 1 январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 64 сомонӣ муқаррар гардид.
Ин нишондиҳанда барои ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ истифода бурда мешавад.
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 60 сомонӣ мебошад. Соли гузашта он муодили 58 сомонӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0