https://sputnik.tj/20211208/lohur-harbiyon-yaroq-dushman-mahv-1044031370.html
Дар Лоҳур ҳарбиён бо яроқи нав "душман"-ро маҳв карданд
Дар Лоҳур ҳарбиён бо яроқи нав "душман"-ро маҳв карданд
Sputnik Тоҷикистон
Артиши Русия зимни як размоиш дар Тоҷикистон силоҳҳои навро озмоиш кард 08.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-08T20:10+0500
2021-12-08T20:10+0500
2021-12-09T12:18+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
пойгоҳи 201
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042117696_0:144:3129:1904_1920x0_80_0_0_1c75d2b849d081bc36aa82d978e776e8.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақаранд, бо истифода аз муаслсалҳои нави вазнини "Утес" тамрин анҷом доданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Вазорати дифои Русия.Омӯзиш барои нест кардани ҳадафҳои шартии заминӣ ва ҳавоӣ дар минтақаи махсуси муҷаҳҳазшудаи Лоҳур сурат гирифт. Ба иттилои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, нерӯҳо нест кардани ҳадафҳои шабеҳи мошинҳои зиреҳпӯш, нуқтаҳои тирпарронӣ ва ҳадафҳои пастпарвози душмани шартиро, ки дар ҳадди ниҳоии тирандозӣ пайдо мешаванд, машқ карданд.Ба гуфтаи низомиён, дар ҷараёни набардҳои омӯзишӣ воҳидҳо вазифаҳои оташфишониро ҳал карда, ҳамчунин ҳадафҳоеро тасниф карданд, ки бояд аввал зарба зананд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки низомиёни пойгоҳи низомии 201 дар соли 2021 дар ҷараёни тамринҳои ҷангӣ ҳудуди 500 миссияи оташнишонӣ анҷом додаанд. Дар тамринҳо аз маҷмуаҳои мушакии БМ-21 "Град", "Ураган", тӯпҳои 122-мм-и худгард 2S1 "Гвоздика", тӯпҳои 152-мми худгард 2S3 "Акация", хумпораандози 120-мм истифода шуд. Дар пасманзари ташдиди авзоъ дар марз бо Афғонистон, Русия дар тобистону тирамоҳ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ як силсила машқҳо анҷом дод.
https://sputnik.tj/20211014/hadaf-tamrin-sarhad-tojikiston-afghoniston-1042838436.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042117696_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_93a6307872dc33a082c53d9f8019fb33.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, пойгоҳи 201
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, пойгоҳи 201
Дар Лоҳур ҳарбиён бо яроқи нав "душман"-ро маҳв карданд
20:10 08.12.2021 (Навсозишуда: 12:18 09.12.2021) Артиши Русия зимни як размоиш дар Тоҷикистон силоҳҳои навро озмоиш кард
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақаранд, бо истифода аз муаслсалҳои нави вазнини "Утес" тамрин анҷом доданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомии Вазорати дифои Русия.
"Барои нахустин бор низомиёни Русия дар Тоҷикистон мусалсалҳои нави калибри "Утес"-ро озмоиш карданд, ки чанде қабл дар хидмати воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 қарор гирифта буданд", - омадааст дар хабар.
Омӯзиш барои нест кардани ҳадафҳои шартии заминӣ ва ҳавоӣ дар минтақаи махсуси муҷаҳҳазшудаи Лоҳур сурат гирифт.
Ба иттилои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, нерӯҳо нест кардани ҳадафҳои шабеҳи мошинҳои зиреҳпӯш, нуқтаҳои тирпарронӣ ва ҳадафҳои пастпарвози душмани шартиро, ки дар ҳадди ниҳоии тирандозӣ пайдо мешаванд, машқ карданд.
Ба гуфтаи низомиён, дар ҷараёни набардҳои омӯзишӣ воҳидҳо вазифаҳои оташфишониро ҳал карда, ҳамчунин ҳадафҳоеро тасниф карданд, ки бояд аввал зарба зананд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки низомиёни пойгоҳи низомии 201 дар соли 2021 дар ҷараёни тамринҳои ҷангӣ ҳудуди 500 миссияи оташнишонӣ анҷом додаанд.
Дар тамринҳо аз маҷмуаҳои мушакии БМ-21 "Град", "Ураган", тӯпҳои 122-мм-и худгард 2S1 "Гвоздика", тӯпҳои 152-мми худгард 2S3 "Акация", хумпораандози 120-мм истифода шуд.
Дар пасманзари ташдиди авзоъ дар марз бо Афғонистон, Русия дар тобистону тирамоҳ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ як силсила машқҳо анҷом дод.