Кувейт дар рушди гидроэнергетикаи Тоҷикистон кумак мекунад

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонСтроительство Рогунской ГЭС в Таджикистане
Строительство Рогунской ГЭС в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Кувейт самтҳои судманди ҳамкориҳои ду кишварро муайян карданд
ДУШАНБЕ, 7 декабря — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо мудири кулли Бунёди рушди иқтисоди кишварҳои араби Кувейт Марван Абдуллоҳ Ал-Ғоним ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишварро баррасӣ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии кишвар.
Дар мулоқот президент таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори тавсеа ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту бародари Кувейт ва манфиатдори рушди ҳамкорӣ бо муассисаи муҳими молиявии он - Бунёди рушди иқтисоди кишварҳои араби ин кишвар мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати металлургияи ранга, сабук ва хурокворӣ, сохтмон, роҳу коммуникатсия ва сайёҳиро муҳокима кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2021
Раҳмон дар мулоқот бо Чон Ий Кореяро шарики боэътимоди Тоҷикистон хонд
Саҳмгузорӣ дар иҷрои лоиҳаҳои алоҳида дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва истихроҷу пардозиши захоири зеризаминӣ аз самтҳои судманди ҳамкории ду кишвар номида шуд.
Гуфта мешавад, саҳми бунёди Кувейт дар маблағгузории баъзе аз лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла амалӣ намудани панҷ лоиҳа дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ки аз соли 2001 сурат мегирад, назаррас арзёбӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ва Марван Абдуллоҳ Ал-Ғоним барои густариши ҳамкориҳо дастгирии баргузории форумҳои соҳибкорони Тоҷикистону Кувейт, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштаракро зарур шумурданд.
Лентаи хабарҳо
0