https://sputnik.tj/20211207/korshinos-shtamm-nav-koronavirus-1044000187.html
Воҳима накунед: коршинос дар бораи штамми нави коронавирус
Воҳима накунед: коршинос дар бораи штамми нави коронавирус
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси Вазорати тандурустӣ Мазус оид ба штамми omicron: лозим нест, ки дар бораи мутатсияи коронавирус ваҳм кашед
2021-12-07T17:45+0500
2021-12-07T17:45+0500
2021-12-07T18:25+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
дар русия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/05/1031500584_0:160:3075:1889_1920x0_80_0_0_dfb18b13a3e6220faa04cba96c192563.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Воҳима дар атрофи пайдоиши штамми нави коронавируси омикрон зараровар аст, тағйироти вирус муқаррарӣ аст, бахусус мегӯяд сармутахассиси бахши марбут ба сирояти ВНМО-и Вазорати тандурустии Русия ва Раёсати тандурустии Маскав Алексей Мазус. "Ман мехоҳам бигӯям, ки мо набояд воҳима кунем...Русия як ҷузъи шабакаи байналмилалии илмӣ аст, мо шарик, дӯст дорем ва яке аз аввалинҳо шуда, аз Африқои Ҷанубӣ маълумот гирифтем. Хуб, таҳаввул ҳаст, аммо ҳеҷ ҳодисаи фавқулоддае рух надодааст. Барои ҳамин ин воҳима, ба фикри ман, зараровар аст", - гуфт Мазус дар нишасти матбуотии рӯзи сешанбе.Вай таъкид кард, ки тағйири вирус муқаррарӣ аст, штаммҳои нав ботадриҷ пайдо шудан мегиранд. "Мо як сирояти нав дорем, як вируси нав, бале, он ба таҳаввул рӯ ба рӯ мешавад ... штаммҳои нав ҳанӯз пайдо мешаванд, инро бояд оромона қабул кард ва дар ҳоле ҳама маълумот нишон медиҳанд, ин штамми на он қадар шадид аст, ки боиси сирояти ҷиддӣ гардад, — илова кард Мазус.Пештар Анатолий Алтштейн, вирусшинос, доктори илмҳои тиб, академики Академияи илмҳои табии Русия гуфт, маҳз геноми ноустувори коронавируси Вуҳан боиси пайдоиши штамми омикрон гардид ва ин ба поёни пандемия оварда мерасонад.Штамми нави B.1.1.529 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ рӯзи бистуми ноябр кашф шудааст.Ба гуфтаи муҳаққиқон, бисёре аз тағйироти нав дар геноми SARS-CoV-2 аз гузариши баланди ин вариант ва муқовимат ба антителоҳои муҳофизатии онҳое, ки бемор ва ваксина шудаанд, шаҳодат медиҳанд, ҳарчанд барои баровардани хулосаҳои ниҳоӣ ҳанӯз барвақт аст.Вирусшиноси рус навъи омикронро ваксинаи зиндаи коронавирус номидЗимнан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин навъро "ташвишовар" гуфт ва онро омикрон номид.Коршиносон бар ин назаранд, афроде, ки аллакай бемор шудаанд ё ваксина гирифтаанд, эҳтимол мубтало ба ин навъи вирус шаванд ва нишонаҳои он аз хастагӣ то дарди сару аъзои дигари баданро дар бар мегиранд.
https://sputnik.tj/20211204/omikron-mufid-sharh-virusshinos-1043943730.html
https://sputnik.tj/20211207/virusshinos-shtamm-omikron-okhir-pandemiya-ast-1043989211.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/05/1031500584_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_0507e3421b7785168d06b2bd21d50471.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос, вазорати тандурустӣ, русия, омикрон
коршинос, вазорати тандурустӣ, русия, омикрон
Воҳима накунед: коршинос дар бораи штамми нави коронавирус
17:45 07.12.2021 (Навсозишуда: 18:25 07.12.2021) Коршиноси Вазорати тандурустии Русия мегӯяд, набояд аз пайдоиши штамми нави коронавирус ба воҳима афтод
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Воҳима дар атрофи пайдоиши штамми нави коронавируси омикрон зараровар аст, тағйироти вирус муқаррарӣ аст, бахусус мегӯяд сармутахассиси бахши марбут ба сирояти ВНМО-и Вазорати тандурустии Русия ва Раёсати тандурустии Маскав Алексей Мазус.
"Ман мехоҳам бигӯям, ки мо набояд воҳима кунем...Русия як ҷузъи шабакаи байналмилалии илмӣ аст, мо шарик, дӯст дорем ва яке аз аввалинҳо шуда, аз Африқои Ҷанубӣ маълумот гирифтем. Хуб, таҳаввул ҳаст, аммо ҳеҷ ҳодисаи фавқулоддае рух надодааст. Барои ҳамин ин воҳима, ба фикри ман, зараровар аст", - гуфт Мазус дар нишасти матбуотии рӯзи сешанбе.
Вай таъкид кард, ки тағйири вирус муқаррарӣ аст, штаммҳои нав ботадриҷ пайдо шудан мегиранд.
"Мо як сирояти нав дорем, як вируси нав, бале, он ба таҳаввул рӯ ба рӯ мешавад ... штаммҳои нав ҳанӯз пайдо мешаванд, инро бояд оромона қабул кард ва дар ҳоле ҳама маълумот нишон медиҳанд, ин штамми на он қадар шадид аст, ки боиси сирояти ҷиддӣ гардад, — илова кард Мазус.
Пештар Анатолий Алтштейн, вирусшинос, доктори илмҳои тиб, академики Академияи илмҳои табии Русия гуфт, маҳз геноми ноустувори коронавируси Вуҳан боиси пайдоиши штамми омикрон гардид ва ин ба поёни пандемия оварда мерасонад.
Штамми нави B.1.1.529 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ рӯзи бистуми ноябр кашф шудааст.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, бисёре аз тағйироти нав дар геноми SARS-CoV-2 аз гузариши баланди ин вариант ва муқовимат ба антителоҳои муҳофизатии онҳое, ки бемор ва ваксина шудаанд, шаҳодат медиҳанд, ҳарчанд барои баровардани хулосаҳои ниҳоӣ ҳанӯз барвақт аст.
Зимнан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин навъро "ташвишовар" гуфт ва онро омикрон номид.
Коршиносон бар ин назаранд, афроде, ки аллакай бемор шудаанд ё ваксина гирифтаанд, эҳтимол мубтало ба ин навъи вирус шаванд ва нишонаҳои он аз хастагӣ то дарди сару аъзои дигари баданро дар бар мегиранд.