https://sputnik.tj/20211207/jalasa-yakjoya-palata-parlumon-prezident-payom-1043988948.html
Даъвати ҷаласаи якҷояи палатаҳои парлумон: президент паёми солонаашро ироа мекунад
Даъвати ҷаласаи якҷояи палатаҳои парлумон: президент паёми солонаашро ироа мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо имзои як қарор ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумонро даъват кардааст 07.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-07T12:49+0500
2021-12-07T12:49+0500
2021-12-07T15:37+0500
дар тоҷикистон
президент
эмомалӣ раҳмон
маҷлиси миллӣ
солона
паём
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1a/1032697838_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_fcc992c74d9c1fe502bcb8f221bab08f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабри соли 2021, соати 08:00 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, омадааст дар қарори Рустами Эмомалӣ. Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар ҷаласаи якҷоя паёми солонаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шунида мешавад. Таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ хоҳад гуфт. Паёми президент ба парлумон ҳамасола дар ҳузури вакилон, роҳбарони мақомоти иҷроия ва додгоҳӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ироа мегардад. Дар бисёре аз муассисаҳои давлатӣ тамошои дастаҷамъонаи паёми президент ташкил карда мешавад.Қабл аз ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумон, 17 декабр ҷаласаи Маҷлиси миллӣ дар назар аст, ки дар он бархе таъйинот дар мақомоти додгоҳӣ ва қонунҳои қаблан қабулкардаи Маҷлиси намояндагон таъйид мешаванд.
https://sputnik.tj/20211203/qaror-rustami-emomali-jalasa-nav-majlisi-milli-1043924944.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1a/1032697838_85:0:2806:2041_1920x0_80_0_0_3655f60136597c410dd3abda2b8efd88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, президент, эмомалӣ раҳмон, маҷлиси миллӣ, солона, паём
дар тоҷикистон, президент, эмомалӣ раҳмон, маҷлиси миллӣ, солона, паём
Даъвати ҷаласаи якҷояи палатаҳои парлумон: президент паёми солонаашро ироа мекунад
12:49 07.12.2021 (Навсозишуда: 15:37 07.12.2021) Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо имзои як қарор ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумонро даъват кардааст
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабри соли 2021, соати 08:00 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, омадааст дар қарори Рустами Эмомалӣ.
Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар ҷаласаи якҷоя паёми солонаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шунида мешавад.
Таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ хоҳад гуфт.
Паёми президент ба парлумон ҳамасола дар ҳузури вакилон, роҳбарони мақомоти иҷроия ва додгоҳӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ироа мегардад. Дар бисёре аз муассисаҳои давлатӣ тамошои дастаҷамъонаи паёми президент ташкил карда мешавад.
Қабл аз ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумон, 17 декабр ҷаласаи Маҷлиси миллӣ дар назар аст, ки дар он бархе таъйинот дар мақомоти додгоҳӣ ва қонунҳои қаблан қабулкардаи Маҷлиси намояндагон таъйид мешаванд.