Иҷорагирӣ осон мешавад: ОИМҒ иҷораи манзил "танҳо ба славянҳо"-ро манъ кард

© Schluesseldienst / pixabayКлючи от дома
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Масъалаи мансубияти миллиро дар мавриди зарурӣ соҳибхона ва иҷорагир метавонанд телефонӣ муҳокима кунанд
ДУШАНБЕ, 7 дек - Sputnik. Додани афзалият ба миллати иҷорагир амали бад аст. Дар ин бора раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ Ренат Каримов изҳори назар кард.
Қаблан торномаи бузурги Русия барои иҷора ва харидуфрӯши амволи ғайриманқул, Ожонси иттилоотии марказии ғайриманқул (ЦИАН) зикри мансубияти миллӣ дар эълонро мамнуъ карда буд.
Иттиҳодияи муҳоҷирон аз ин иқдом пуштибонӣ кард. Каримов қайд кард, ки ОИМҒ як сохтори тиҷоратӣ аст ва дар сурати мавҷуд набудани қонуни дахлдор ба чунин хулоса расидан тасмими хеле арзишманд аст.

"Ин таҷрибаи бад аст, ки вақте ҳангоми ба иҷора додани манзил ба як миллат бартарӣ дода мешавад. Мо дастгирӣ мекунем, тасдиқ мекунем, пайгирӣ менамоем, ки он чӣ гуна сурат мегирад", - таъкид кард Каримов.

Раиси Иттифоқи касаба дар сухбат бо радиои "Говорит Москва" гуфт, созмони зери раҳбарияш мушоҳида мекунад, ки соҳибони манзилҳо талаботи торнаморо чӣ тавр иҷро мекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки қоидаҳои нав аллакай эътибор пайдо кардаанд. ОИМҒ аз корбарон даъват кард, ки таблиғоташонро мустақилона ислоҳ кунанд. Аксари онҳо ибораи "танҳо барои славянҳо" -ро истифода мекарданд.
Дактилоскопическая регистрация - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Дар Русия дигарбора аз муҳоҷирон маълумоти биометрӣ талаб мекунанд: ба киҳо дахл дорад?
Агар соҳибони хона то 1 феврали соли 2022 матнҳоро ислоҳ накунанд, мутахассисони торнамо худ онҳоро вероиш менамоянд.
Ба гуфтаи коршиносон, ин талабот ба бозор таъсир намерасонад ва соҳибхона метавонад тавассути телефон маълумоти мавриди таваҷҷуҳро мушаххас кунад.
Лентаи хабарҳо
0