Дар Тоҷикистон рубли русӣ ба чӣ ҳол афтод?

Обуна шудан
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон боло рафта, арзиши доллар андаке поин омадааст
Сокинон аз боловупастравии асъорҳои хориҷӣ чандон нигарон нестанд, онҳоро бештар гарон шудани маҳсулоти ниёзи аввал нигарон кардааст.
Бояд гуфт, садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунад ва ба наздиконашон дар ҷумҳурӣ аксаран рубл мефиристанд.
Болоравии қурби рубл дар баробари сомонӣ аз оғози моҳи октябр шуруъ шуда буд. Бонкҳои Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр арзиши 1000 рублро қариб 160 сомонӣ муқаррар карда буданд, ки дар муқоиса ба оғози ҳамон моҳ 5-6 сомонӣ бештар буд.
Мавзӯи пасту баланд шудани қурби рубл барои бештари оилаҳо дар Тоҷикистон муҳим аст. Наздиконаш аз Русия рубл мефиристанд ва бонкҳои Тоҷикистон ин маболиғро ба онҳо бо сомонӣ медиҳанд.
Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон ҳанӯз нагуфтаанд, ки сабаби боло рафтани нархи рубл дар чист.
Бояд қайд кард, ки иқтисоди Тоҷикистон, бахусус бозори асъор аз иқтисоди Русия ва кори муҳоҷирон вобастагии зиёд дорад.
Русия манбаи даромади наздик ба миллион шаҳрванди Тоҷикистон мебошад ва садҳо миллион долларе, ки муҳоҷирони тоҷик мефиристанд, манбаи зиндагии оилаҳо дар кишвар аст.
Дар ҳамин ҳол қурби расмии доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои охир коҳиш ёфтааст. Ҳоло бонкҳои Тоҷикистон 100 долларро ба 1129 сомонию 17 дирам иваз мекунанд. Дар ҳамин ҳол ҳазор рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон 154 сомонӣ арзиш дорад.
Лентаи хабарҳо
0