Қадрдонии афсарони нерӯҳои вижаи Тоҷикистон дар ноҳияи наздимарзӣ бо Афғонистон

© Дафтари матбуоти ВКД ТоҷикистонҚадрдонии афсарони нерӯҳои вижа дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
Қадрдонии афсарони нерӯҳои вижа дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз қадрдонии афсарони таъйиноти махсус хабар дод, ки дар минтақаи наздимарзӣ бо Афғонистон хидмат мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милиса, ки дар дидбонгоҳи ноҳияи Панҷ адои вазифа менамоянд, бо рутбаҳои навбатӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд, хабар дод Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Манбаъ аз хидматҳои нерӯҳои вижаи Тоҷикистон дар таъмини тартибот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳимояи марз тавсиф кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон кори қисмҳои низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки қисмати зиёди марз бо Афғонистон ба ин вилоят рост меояд, мавриди санҷиш қарор дод.
Парад военных посвященный дню милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Тоҷикистон барои мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ чанд пул харҷ мекунад?
Ба иттилои ВУД, омодагии ҷангии ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ, бахусус сарбозону афсарон дар сатҳи баланди касбӣ, ҳамаи техника ва лавозимоти ҷангӣ низ дар ҳолати хуб қарор доранд.
Раҳимзода дар ВМКБ низ барои хизматҳои арзанда дар таҳкими суботу оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони вилоят ба афсарону сарбозон изҳори миннатдорӣ карда, бархе аз онҳоро аз номи Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаҳо сарфароз гардонидааст.
Лентаи хабарҳо
0