https://sputnik.tj/20211206/jambasti-chempionati-tojikiston-joizador-khorijshuda-ligai-oli-1043967069.html
Ҷамъбасти чемпионат: Ду дастае, ки Лигаи олиро тарк мекунанд, маълум шуданд
Ҷамъбасти чемпионат: Ду дастае, ки Лигаи олиро тарк мекунанд, маълум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз анҷоми 30-юмин мусобиқаи қаҳрамонии ҷумҳурӣ миёни дастаҳои лигаи олии кишвар хабар дод
2021-12-06T14:35+0500
2021-12-06T14:35+0500
2021-12-06T18:34+0500
дар тоҷикистон
қаҳрамон
футбол
даста
лигаи олӣ
мусобиқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041683415_0:163:1200:838_1920x0_80_0_0_c5d62cca10929c2db0c1d829420cd2a4.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Дар даври ҷамъбастии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар риштаи футбол барандаи медалҳои биринҷӣ маълум гардид. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки тими КМВА-и Душанбе дар даври 27-ум бар тими "Хуҷанд" бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ҷои сеюмро дар чемпионати имсола сазовор шуд. Дастаи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ аз тими "Истиқлол" -и Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Таъкид шуд, ки тими "Кӯктош" дуюмин даста баъди "Душанбе" мебошад, ки лигаи олиро дар мавсими оянда тарк мекунад. Манбаъ афзуд, ки қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе соли оянда дар Лигаи чемпионҳои AFC иштирок мекунад. Барандаи медалҳои нуқра – тими "Хуҷанд" ва барандаи медалҳои биринҷӣ – тими КМВА дар мусобиқа барои Ҷоми AFC-2022 иштирок мекунанд. Дар пайи бозиҳои даври ҷамъбастии қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ тими "Истаравшан" дар зинаи чорум, "Хатлон" – 5, "Эсхата" – 6, "Равшан" – 7, "Файзканд" – 8, "Кӯктош" – 9 ва тими "Душанбе" дар зинаи 10-ум қарор гирифтанд.
https://sputnik.tj/20211205/du-pahlavon-tojik-finali-musobiqai-baynalmilal-1043955527.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041683415_0:50:1200:950_1920x0_80_0_0_a7372b792d13680c0fb6d6a4eaececef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи миллии олимпӣ, хориҷшуда, лигаи олӣ, қаҳрамон, ноибон
кумитаи миллии олимпӣ, хориҷшуда, лигаи олӣ, қаҳрамон, ноибон
Ҷамъбасти чемпионат: Ду дастае, ки Лигаи олиро тарк мекунанд, маълум шуданд
14:35 06.12.2021 (Навсозишуда: 18:34 06.12.2021) Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар анҷоми 30-юмин мусобиқаи қаҳрамонии ҷумҳурӣ ду дастаеро ном бурд, ки тарки лигаи олӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Дар даври ҷамъбастии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар риштаи футбол барандаи медалҳои биринҷӣ маълум гардид.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки тими КМВА-и Душанбе дар даври 27-ум бар тими "Хуҷанд" бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ҷои сеюмро дар чемпионати имсола сазовор шуд.
Дастаи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ аз тими "Истиқлол" -и Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Таъкид шуд, ки тими "Кӯктош" дуюмин даста баъди "Душанбе" мебошад, ки лигаи олиро дар мавсими оянда тарк мекунад.
Манбаъ афзуд, ки қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе соли оянда дар Лигаи чемпионҳои AFC иштирок мекунад. Барандаи медалҳои нуқра – тими "Хуҷанд" ва барандаи медалҳои биринҷӣ – тими КМВА дар мусобиқа барои Ҷоми AFC-2022 иштирок мекунанд.
Дар пайи бозиҳои даври ҷамъбастии қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ тими "Истаравшан" дар зинаи чорум, "Хатлон" – 5, "Эсхата" – 6, "Равшан" – 7, "Файзканд" – 8, "Кӯктош" – 9 ва тими "Душанбе" дар зинаи 10-ум қарор гирифтанд.