https://sputnik.tj/20211206/gholibon-chempionat-tojikiston-futbol--1043958115.html
Ғолибони Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон маълум шуданд: киҳо дар зинаи аввал?
Ғолибони Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон маълум шуданд: киҳо дар зинаи аввал?
Sputnik Тоҷикистон
Даври охирин муайян кард, ки кадом тим дар мусобиқаи байни бошгоҳҳои Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол мекунад
2021-12-06T09:51+0500
2021-12-06T09:51+0500
2021-12-06T16:51+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
федератсияи футбол
футбол
ҷавонон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041683427_0:163:1200:838_1920x0_80_0_0_71f52a96d27febea77fb37c2b8ee4457.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Бозии даври хотимавӣ ва ҷашнии Қаҳрамонии 30-юми Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 5 декабр баргузор шуд.Ғолиби мусобиқот пешакӣ маълум буд - бошгоҳи "Истиқлол", ки қаблан бештар аз ҳама, 68 имтиёз ба даст овард, пешакӣ зинаи аввалро соҳиб гардид. Ҷойи дуюм низ қаблан муайян шуда буд - "Хуҷанд" бо 55 имтиёз ин зинаро аз худ кард. Ягона номуаянӣ ин буд, ки кӣ ҷои сеюмро мегирад. Ҳамин тариқ ССКА дар даври ниҳоӣ бар тими "Хуҷанд" бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, 44 имтиёз ба даст овард ва аз дастаи "Истаравшан" пеш гузашт.Дар натиҷа қаҳрамони кишвар, яъне "Истиқлол"-и Душанбе соли оянда дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК ширкат мекунад. Барандаи медали нуқра - “Хуҷанд” ва барандаи медали биринҷ - ССКА ҳуқуқи муаррифии Тоҷикистонро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 пайдо карданд. "Кӯктош" ва "Душанбе", ки ҷойхои нуҳум ва даҳумро гирифтанд, ба лигаи якум баромаданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041683427_0:50:1200:950_1920x0_80_0_0_0c93aa52d1ddf5a8caf98800ac3cffe1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғолибон чемпионат тоҷикистон футбол маълум киҳо
ғолибон чемпионат тоҷикистон футбол маълум киҳо
Ғолибони Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон маълум шуданд: киҳо дар зинаи аввал?
09:51 06.12.2021 (Навсозишуда: 16:51 06.12.2021) Даври охирин муайян кард, ки кадом тим дар мусобиқаи байни бошгоҳҳои Тоҷикистон ҷои сеюмро ишғол мекунад
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Бозии даври хотимавӣ ва ҷашнии Қаҳрамонии 30-юми Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 5 декабр баргузор шуд.
Ғолиби мусобиқот пешакӣ маълум буд - бошгоҳи "Истиқлол", ки қаблан бештар аз ҳама, 68 имтиёз ба даст овард, пешакӣ зинаи аввалро соҳиб гардид.
Ҷойи дуюм низ қаблан муайян шуда буд - "Хуҷанд" бо 55 имтиёз ин зинаро аз худ кард.
Ягона номуаянӣ ин буд, ки кӣ ҷои сеюмро мегирад. Ҳамин тариқ ССКА дар даври ниҳоӣ бар тими "Хуҷанд" бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, 44 имтиёз ба даст овард ва аз дастаи "Истаравшан" пеш гузашт.
Дар натиҷа қаҳрамони кишвар, яъне "Истиқлол"-и Душанбе соли оянда дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК ширкат мекунад.
Барандаи медали нуқра - “Хуҷанд” ва барандаи медали биринҷ - ССКА ҳуқуқи муаррифии Тоҷикистонро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 пайдо карданд.
"Кӯктош" ва "Душанбе", ки ҷойхои нуҳум ва даҳумро гирифтанд, ба лигаи якум баромаданд.