https://sputnik.tj/20211206/barrasii-tartibi-vurud-khuruj-buduboshi-tojikiston-rusiya-1043978949.html
Баррасии тартиби вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия
Баррасии тартиби вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Русия дар як мулоқоти маҷози масоили муҳоҷиратиро баррасӣ намуданд
2021-12-06T20:10+0500
2021-12-06T20:10+0500
2021-12-06T20:31+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
вазорати меҳнат
мулоқот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042678582_0:127:3191:1921_1920x0_80_0_0_1d5285630d3dd40c58c759b9979b7305.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран барои баррасии санадҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ машварати навбатии байниидораии миёни Тоҷикистону Русия дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.Таъкид шудааст, ки дар ин ҷаласаи маҷозӣ Тоҷикистонро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Шаҳноза Нодирӣ намояндагӣ кард.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин машварат ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатии дархлдори ҳар ду ҷониб, аз ҷумла аз вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия, корҳои дохилӣ, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷию дохилии Русия дар Тоҷикистон низ иштирок доштанд.Манбаъ қайд кардааст, ки мақсади ҳамоиши мазкур баррасии лоиҳаи санадҳои ҳамкорӣ дар робита ба муҳоҷират буда, мавқеи ҷонибҳо вобаста ба лоиҳаи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи тартиби вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, оид ба пазириши муҷадад (реадмиссия) ва протокол дар бораи тартиби татбиқи он, оид ба мақоми ҳуқуқии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дафтари матбуотии ин ниҳоди давлатӣ илова кардааст, ки ҷонибҳо барои таҳким ва комил гардидани санадҳои мазкур нишастҳои навбатиро низ ба нақша гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик баргузор мешаванд.
https://sputnik.tj/20211206/rusiya-sokhtmonro-muhojiron-vaqt-1043971883.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042678582_229:0:2960:2048_1920x0_80_0_0_b2112e9da51da62dfa297103302b1021.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, мулоқот, маҷози, муҳоҷират, тартиб
тоҷикистон, русия, мулоқот, маҷози, муҳоҷират, тартиб
Баррасии тартиби вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия
20:10 06.12.2021 (Навсозишуда: 20:31 06.12.2021) Тоҷикистону Русия дар як мулоқоти маҷозӣ масоили муҳоҷиратиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран барои баррасии санадҳои дуҷониба дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ машварати навбатии байниидораии миёни Тоҷикистону Русия дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Таъкид шудааст, ки дар ин ҷаласаи маҷозӣ Тоҷикистонро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Шаҳноза Нодирӣ намояндагӣ кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин машварат ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатии дархлдори ҳар ду ҷониб, аз ҷумла аз вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия, корҳои дохилӣ, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷию дохилии Русия дар Тоҷикистон низ иштирок доштанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки мақсади ҳамоиши мазкур баррасии лоиҳаи санадҳои ҳамкорӣ дар робита ба муҳоҷират буда, мавқеи ҷонибҳо вобаста ба лоиҳаи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи тартиби вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, оид ба пазириши муҷадад (реадмиссия) ва протокол дар бораи тартиби татбиқи он, оид ба мақоми ҳуқуқии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дафтари матбуотии ин ниҳоди давлатӣ илова кардааст, ки ҷонибҳо барои таҳким ва комил гардидани санадҳои мазкур нишастҳои навбатиро низ ба нақша гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик баргузор мешаванд.