https://sputnik.tj/20211205/uzbekiston-jazo-porakhuron-shadid-1043948212.html
Ӯзбекистон ҷазои порахӯронро ташдид мекунад
Ӯзбекистон ҷазои порахӯронро ташдид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбекистон минаъд порахӯронро ҷазои сахттар медиҳад. Ин қабил ҷинояткорон дигар шартан озод нахоҳанд шуд 05.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-05T09:00+0500
2021-12-05T09:00+0500
2021-12-06T14:46+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
пора
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102406/27/1024062775_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_288ac0c6cd60ea461f1b4ea0d1440557.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ҷазои порахӯрону ришвадиҳандаҳоро сахттар кунад. Ба ин манзур лоиҳаи қонуне таҳия шудааст, ки дар он ҳадди аксари ҷазо барои ин ҷиноят аз 15 ба 20 соли зиндон зиёд карда шудааст, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон аз қавли Акмал Бурҳонов, раиси Оҷонсии зидди фасоди ин кишвар.Муҳлатҳои ҷазои ҳаддиаксарӣ бар асоси моддаи Кодекси ҷиноӣ - "Дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ё азхудкунии маблағҳо" низ аз панҷ ба даҳ соли зиндон афзоиш ёфтааст. Роҳбари агентӣ зикр намудааст, ки ҳуҷҷати дахлдор барои баррасӣ ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод шудааст.Дар Тоҷикистон низ ҷинояти ришва додану пора талаб кардан дар авҷи аъло аст. Дар робита ба ин, Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки соли 2020 дастикам 296 хизматчии давлатӣ бо содир намудани чунин ҷиноятҳо дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
https://sputnik.tj/20211204/sughd-kormandon-idora-fasod-1043943940.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102406/27/1024062775_211:0:1915:1278_1920x0_80_0_0_a6692fcc32e9f9b4f5a80a709b207864.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ӯзбекистон, осиёи марказӣ, пора
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ӯзбекистон, осиёи марказӣ, пора
Ӯзбекистон ҷазои порахӯронро ташдид мекунад
09:00 05.12.2021 (Навсозишуда: 14:46 06.12.2021) Ӯзбекистон минаъд порахӯронро ҷазои сахттар медиҳад. Ин қабил ҷинояткорон дигар шартан озод нахоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ҷазои порахӯрону ришвадиҳандаҳоро сахттар кунад.
Ба ин манзур лоиҳаи қонуне таҳия шудааст, ки дар он ҳадди аксари ҷазо барои ин ҷиноят аз 15 ба 20 соли зиндон зиёд карда шудааст, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон аз қавли Акмал Бурҳонов, раиси Оҷонсии зидди фасоди ин кишвар.
Муҳлатҳои ҷазои ҳаддиаксарӣ бар асоси моддаи Кодекси ҷиноӣ - "Дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ё азхудкунии маблағҳо" низ аз панҷ ба даҳ соли зиндон афзоиш ёфтааст.
Роҳбари агентӣ зикр намудааст, ки ҳуҷҷати дахлдор барои баррасӣ ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод шудааст.
"Ришвагирону порадиҳандагон дигар шартан озод намешаванд ва ҳамзамон ҳукми онҳо ба ҷазои сабуктар иваз нахоҳад шуд", - афзуд ӯ.
Дар Тоҷикистон низ ҷинояти ришва додану пора талаб кардан дар авҷи аъло аст. Дар робита ба ин, Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки соли 2020 дастикам 296 хизматчии давлатӣ бо содир намудани чунин ҷиноятҳо дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.