https://sputnik.tj/20211205/tontolibon-havopaymo-rabudashuda-bargardondand-1043950154.html
Аз Тоҷикистон ё Ӯзбекистон толибон чанд ҳавопаймои рабудашударо баргардонданд
Аз Тоҷикистон ё Ӯзбекистон толибон чанд ҳавопаймои рабудашударо баргардонданд
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон 26 чархбол ва 35 ҳавопаймои низомиро аз толибон "рабуда" буданд 05.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-05T12:00+0500
2021-12-05T12:00+0500
2021-12-06T15:55+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032910845_0:213:2801:1788_1920x0_80_0_0_83b1b38f5104bf68b1a45e97400168f8.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Толибон мегӯянд, чанд ҳавопаймои "рабудашуда"-ро, ки халабонҳои ин кишвар ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода буданд, баргардонданд, хабар медиҳад "TOLOnews" аз қавли Атоуллоҳ Умарӣ, фармондеҳи корпуси артиши Ал-фатҳ, ки дар вилояти Балх мустақар аст. Маълум нест, ки толибон аз кадом кишвар ҳавопаймоҳои рабудашударо баргардонданд.Умарӣ изҳор доштааст, ки аллакай чанд мошин бо мувофиқа бо як кишвари номаълум ба Афғонистон фиристода шудааст. Ҳадс зада мешавад, ки ин кишвари номаълум Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст.Ёдовар мешавем, қаблан хабаргузории "Avia.pro" хабар дода буд, ки зиёда аз 60 воҳиди ҳавопаймои низомӣ аз Афғонистон хориҷ карда шуд.Ин манбаъ қайд кард, ки халабонони собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо аз толибон рабудаанд. Илова бар ин маълум гардидааст, ки халабонҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ба қаламрави кишварҳои дигар 19 чархболи Ми-17, ҳафт чархболи UH-60, ҳафт ҳавопаймои таҳоҷумии А-29 "Тукано", 17 ҳавопаймои сабукрави "Cessna 209B" ва 11 ҳавопаймои "Pilatus-12NG"-ро бурдаанд.Расонаҳо: ҳавопаймоҳои низомии рабудашуда аз "Толибон"* ба Тоҷикистон интиқол ёфтандБино ба маълумоти "Avia.pro", бархе аз воҳидҳои низомии рабудашуда дар қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойгир шудаанд.Қаблан ин манбаъ хабар дода буд, ки толибон соҳиби 32 ҳавопаймои ҷангӣ ва 108 чархболи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ва ИМА шудаанд.Толибон инчунин беш аз ду ҳазор мошини зиреҳпӯш, ҳашт дрони тактикӣ, тӯпҳои гуногун ва аслиҳаи хурдро аз худ кардаанд.
https://sputnik.tj/20211201/tolibon-parvoz-meomuzand-avvalin-razmoish-neru-havo-afghoniston-1043871715.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032910845_66:0:2733:2000_1920x0_80_0_0_4d002a696044868b8990f091735fc45f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният ва мудофиа, афғонистон, осиёи марказӣ
амният ва мудофиа, афғонистон, осиёи марказӣ
Аз Тоҷикистон ё Ӯзбекистон толибон чанд ҳавопаймои рабудашударо баргардонданд
12:00 05.12.2021 (Навсозишуда: 15:55 06.12.2021) Қаблан халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон 26 чархбол ва 35 ҳавопаймои низомиро аз толибон "рабуда" буданд
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Толибон мегӯянд, чанд ҳавопаймои "рабудашуда"-ро, ки халабонҳои ин кишвар ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода буданд, баргардонданд, хабар медиҳад "TOLOnews" аз қавли Атоуллоҳ Умарӣ, фармондеҳи корпуси артиши Ал-фатҳ, ки дар вилояти Балх мустақар аст. Маълум нест, ки толибон аз кадом кишвар ҳавопаймоҳои рабудашударо баргардонданд.
Умарӣ изҳор доштааст, ки аллакай чанд мошин бо мувофиқа бо як кишвари номаълум ба Афғонистон фиристода шудааст.
Ҳадс зада мешавад, ки ин кишвари номаълум Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст.
Ёдовар мешавем, қаблан хабаргузории "Avia.pro" хабар дода буд, ки зиёда аз 60 воҳиди ҳавопаймои низомӣ аз Афғонистон хориҷ карда шуд.
Ин манбаъ қайд кард, ки халабонони собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо аз толибон рабудаанд.
Илова бар ин маълум гардидааст, ки халабонҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ба қаламрави кишварҳои дигар 19 чархболи Ми-17, ҳафт чархболи UH-60, ҳафт ҳавопаймои таҳоҷумии А-29 "Тукано", 17 ҳавопаймои сабукрави "Cessna 209B" ва 11 ҳавопаймои "Pilatus-12NG"-ро бурдаанд.
Бино ба маълумоти "Avia.pro", бархе аз воҳидҳои низомии рабудашуда дар қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойгир шудаанд.
Қаблан ин манбаъ хабар дода буд, ки толибон соҳиби 32 ҳавопаймои ҷангӣ ва 108 чархболи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ва ИМА шудаанд.
Толибон инчунин беш аз ду ҳазор мошини зиреҳпӯш, ҳашт дрони тактикӣ, тӯпҳои гуногун ва аслиҳаи хурдро аз худ кардаанд.