https://sputnik.tj/20211205/tatil-soli-nav-rusiya-tamdid-sharh-virusshinos-1043951889.html
Таътили Соли навӣ дар Русия тамдид мешавад? Шарҳи вирусшинос
Таътили Соли навӣ дар Русия тамдид мешавад? Шарҳи вирусшинос
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассис шарҳ дод, ки эҳтимолияти ҷорӣ кардани карантин аз вазъияти мушаххаси эпидемиологӣ вобаста аст
2021-12-05T15:00+0500
2021-12-05T15:00+0500
2021-12-05T15:00+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0e/1032270550_0:181:2999:1867_1920x0_80_0_0_7d7564bf861a45291a6a804e31746afb.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Мақомоти Русия метавонанд рӯзҳои ғайрикориро дар моҳи январ пас аз таҷлили Соли нав тамдид кунанд, агар штамми "омикрон" боиси ҷараёни шадиди беморӣ шавад ва ба соҳаи сиҳатӣ сарбории зиёд орад.Ин пешгӯиро дар мусоҳиба бо URA.RU узви вобастаи Академияи илмҳои Русия, вирусшинос, профессор Петр Чумаков баён дошт. Ба боварии Чумаков ҳама чиз аз вазъи эпидемиологии мушаххас вобаста аст ва мақомот дар асоси мавҷудияти катҳо қарор қабул мекунанд. Ӯ гуфт, омили асосӣ ин аст, ки тиб то чӣ андоза бо вуруди беморон мубориза мебарад.\Штамми нави коронавируси B.1.1.529 дар миёнаҳои моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ кашф шуд. Ба гуфтаи олимон, он бо 50 мутатсия дар сафедаи S фарқ мекунад ва метавонад ба антителоҳои муҳофизатии онҳое, ки бемор ва ваксина шудаанд, тобовар бошад. Навъи нави коронавирус аз ҷониби СҶБ "нигаронкунанда" эълон шудааст.
https://sputnik.tj/20211204/omikron-davlat-vaksina-1043941588.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0e/1032270550_133:0:2864:2048_1920x0_80_0_0_a08fbbd7d765f7f452fba640ef3c729d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия коронавирус
Таътили Соли навӣ дар Русия тамдид мешавад? Шарҳи вирусшинос
Мутахассис шарҳ дод, ки эҳтимолияти ҷорӣ кардани карантин аз вазъияти мушаххаси эпидемиологӣ вобаста аст
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Мақомоти Русия метавонанд рӯзҳои ғайрикориро дар моҳи январ пас аз таҷлили Соли нав тамдид кунанд, агар штамми "омикрон" боиси ҷараёни шадиди беморӣ шавад ва ба соҳаи сиҳатӣ сарбории зиёд орад.
Ин пешгӯиро дар мусоҳиба бо URA.RU узви вобастаи Академияи илмҳои Русия, вирусшинос, профессор Петр Чумаков баён дошт.
"Дар бораи штамми "омикрон" маълумотҳо ночизанд. Агар маълум шавад, ки он шакли вазнини бемориро ба вуҷуд меорад, пас ман фикр мекунам, ки тамдид ёфтани рӯзҳои истироҳатӣ имконпазираст, - тахмин задааст ӯ.
Ба боварии Чумаков ҳама чиз аз вазъи эпидемиологии мушаххас вобаста аст ва мақомот дар асоси мавҷудияти катҳо қарор қабул мекунанд.
Ӯ гуфт, омили асосӣ ин аст, ки тиб то чӣ андоза бо вуруди беморон мубориза мебарад.\
Штамми нави коронавируси B.1.1.529 дар миёнаҳои моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ кашф шуд. Ба гуфтаи олимон, он бо 50 мутатсия дар сафедаи S фарқ мекунад ва метавонад ба антителоҳои муҳофизатии онҳое, ки бемор ва ваксина шудаанд, тобовар бошад.
Навъи нави коронавирус аз ҷониби СҶБ "нигаронкунанда" эълон шудааст.