https://sputnik.tj/20211205/muhojiron-kor-rusiya-patent-1043948892.html
Муҳоҷирон бештар барои кор дар Русия патент мегиранд
Муҳоҷирон бештар барои кор дар Русия патент мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Соли равон ду баробар бештар шаҳрвандони хориҷӣ иҷозати кор гирифтанд
2021-12-05T10:00+0500
2021-12-05T10:00+0500
2021-12-06T15:21+0500
муҳоҷират
патент
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032942441_0:79:3363:1971_1920x0_80_0_0_bb69144133d1be3b1f9c20a49a804803.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Дар соли 2021 муҳоҷирони корӣ дар Русия бештар барои гирифтани патенти корӣ муроҷиат карданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия хабар медиҳад.Ба иттилои вазорат, дар даҳ моҳи соли 2021 теъдоди муҷаввизҳои нашршуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 қариб ду баробар зиёд шудааст. Дар ҳамин ҳол дар тӯли даҳ моҳи соли 2020 муҳоҷирон 971 854 ҳуҷҷат гирифтаанд. Илова бар ин теъдоди шаҳрвандоне, ки ба унвони муҳоҷири корӣ дар Русия сабти ном шудаанд, афзоиш ёфтааст. Дар соли 2020 шумораи онҳо беш аз ҳашт миллион ва дар соли 2021 беш аз даҳ миллионро ташкил дод.Ҳамин тариқ теъдоди хориҷиёне, ки дар феҳристи муҳоҷират сабти ном шудаанд, 2,3 миллион нафар афзоиш ёфтааст.Дар соли 2021 шумори муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтанд, низ афзоиш ёфт. Аз моҳи январ то октябр 600 000 нафар шиносномаи Русия дошт. Барои муқоиса соли 2020 ба 500 ҳазор муҳоҷир ҳуҷҷат дода шудааст. Ёдовар мешавем, соли 2020 раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, муваққатан дар ин кишвар будубош ва кор кунанд.
https://sputnik.tj/20211125/maskav-arzish-patent-muhojiron-garon-1043765589.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032942441_316:0:3047:2048_1920x0_80_0_0_7584c31b07305858092cf007bf314793.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия патент
Муҳоҷирон бештар барои кор дар Русия патент мегиранд
10:00 05.12.2021 (Навсозишуда: 15:21 06.12.2021) Соли равон ду баробар бештар шаҳрвандони хориҷӣ муҷаввизи кор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Дар соли 2021 муҳоҷирони корӣ дар Русия бештар барои гирифтани патенти корӣ муроҷиат карданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Ба иттилои вазорат, дар даҳ моҳи соли 2021 теъдоди муҷаввизҳои нашршуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 қариб ду баробар зиёд шудааст.
"Дар моҳҳои январ-октябри соли 2021 ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд 1 853 395 патент дода шудааст", - таъкид кардааст ВКД Русия.
Дар ҳамин ҳол дар тӯли даҳ моҳи соли 2020 муҳоҷирон 971 854 ҳуҷҷат гирифтаанд.
Илова бар ин теъдоди шаҳрвандоне, ки ба унвони муҳоҷири корӣ дар Русия сабти ном шудаанд, афзоиш ёфтааст. Дар соли 2020 шумораи онҳо беш аз ҳашт миллион ва дар соли 2021 беш аз даҳ миллионро ташкил дод.
Ҳамин тариқ теъдоди хориҷиёне, ки дар феҳристи муҳоҷират сабти ном шудаанд, 2,3 миллион нафар афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2021 шумори муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтанд, низ афзоиш ёфт. Аз моҳи январ то октябр 600 000 нафар шиносномаи Русия дошт. Барои муқоиса соли 2020 ба 500 ҳазор муҳоҷир ҳуҷҷат дода шудааст.
Ёдовар мешавем, соли 2020 раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, муваққатан дар ин кишвар будубош ва кор кунанд.