https://sputnik.tj/20211205/mastchoh-az-limiti-barq-ozod-meshavad-1043949188.html
Мастчоҳ аз лимити барқ озод мешавад
Мастчоҳ аз лимити барқ озод мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Бо сохта шудани зеристгоҳи барқӣ дар ноҳияи Мастчоҳсифати шиддат мувофиқи меъёр таъмин мегардад ва талафоти неи барқ дар ин минтақа аз байн меравад
2021-12-05T11:00+0500
2021-12-05T11:00+0500
2021-12-06T15:36+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
мастчоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101440/12/1014401296_0:92:1600:993_1920x0_80_0_0_40bd493f1c12530d1f33c2647a467c2c.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ сохтмони зеристгоҳи барқӣ оғоз гардид. Дар ин бора ҳокимияти ин ноҳия хабар додааст.Манбаъ меафзояд, зеристгоҳи барқӣ бо маблағгузории филиали ҶСК шабакаҳои тақсимот ва интиқоли нерӯи барқи шаҳри Гулистон сохта мешавад. Ҳадафи сохтмони ин зеристгоҳ кам кардани сарбории зеристгоҳи барқии 3510 ва "Дилварзин-1" мебошад.Гуфта мешавад, бо сохта шудани зеристгоҳи мазкур дар ин минтақа як трансформатор бо тавоноии 16 кВт ва 4 адад чашмакҳои содиротӣ васлу насб мегарданд. Дар натиҷа бори зеристгоҳи барқии 3510 ва "Дилварзин-1" сабук гашта, сифати шиддат мувофиқи меъёр таъмин мегардад ва талафоти нерӯи барқ дар ин минтақа аз байн меравад, иттилоъ медиҳад манбаъ.Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 12 зеристгоҳҳои барқӣ мавҷуд буда, ҳамасола ба аҳолӣ тавассути онҳо нерӯи барқ интиқол дода мешавад.Қатъи интиқоли барқ дар кишвар аз нимаҳои моҳи сентябр шуруъ шуда, то ҳоло идома дорад.Масъулони идораҳои тақсимоти барқ қаблан хомӯшкунии барқро ба ҷараёни таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои интиқоли барқ шарҳ дода, мегуфтанд, ин ҳама корҳои профилактикӣ буда, барои дар фасли сармо бемушкилӣ расонидани барқи доимӣ ба аҳолии роҳандозӣ шудаанд.Сокинон мегӯянд, барф ҳам бориду ҳаво ба таври қобили мулоҳиза сард шуд, вале ҳамоно мушкили қатъи барқ идома дорад.
https://sputnik.tj/20211113/pulotov-limit-barq-sugh-sharh-1043527058.html
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101440/12/1014401296_103:0:1427:993_1920x0_80_0_0_5d3958546f46674f91c52d0c9472e2ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мастчоҳ лимит барқ
Мастчоҳ аз лимити барқ озод мешавад
11:00 05.12.2021 (Навсозишуда: 15:36 06.12.2021) Бо сохта шудани зеристгоҳи барқӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сифати шиддат мувофиқи меъёр таъмин мегардад ва талафоти барқ дар ин минтақа аз байн меравад
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ сохтмони зеристгоҳи барқӣ оғоз гардид. Дар ин бора ҳокимияти ин ноҳия хабар додааст.
Манбаъ меафзояд, зеристгоҳи барқӣ бо маблағгузории филиали ҶСК шабакаҳои тақсимот ва интиқоли нерӯи барқи шаҳри Гулистон сохта мешавад. Ҳадафи сохтмони ин зеристгоҳ кам кардани сарбории зеристгоҳи барқии 3510 ва "Дилварзин-1" мебошад.
Гуфта мешавад, бо сохта шудани зеристгоҳи мазкур дар ин минтақа як трансформатор бо тавоноии 16 кВт ва 4 адад чашмакҳои содиротӣ васлу насб мегарданд.
Дар натиҷа бори зеристгоҳи барқии 3510 ва "Дилварзин-1" сабук гашта, сифати шиддат мувофиқи меъёр таъмин мегардад ва талафоти нерӯи барқ дар ин минтақа аз байн меравад, иттилоъ медиҳад манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 12 зеристгоҳҳои барқӣ мавҷуд буда, ҳамасола ба аҳолӣ тавассути онҳо нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Қатъи интиқоли барқ дар кишвар аз нимаҳои моҳи сентябр шуруъ шуда, то ҳоло идома дорад.
Масъулони идораҳои тақсимоти барқ қаблан хомӯшкунии барқро ба ҷараёни таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои интиқоли барқ шарҳ дода, мегуфтанд, ин ҳама корҳои профилактикӣ буда, барои дар фасли сармо бемушкилӣ расонидани барқи доимӣ ба аҳолии роҳандозӣ шудаанд.
Сокинон мегӯянд, барф ҳам бориду ҳаво ба таври қобили мулоҳиза сард шуд, вале ҳамоно мушкили қатъи барқ идома дорад.