https://sputnik.tj/20211205/hamoish-dushanbe-khotiri-solgard-muhoriba-maskav-1043952180.html
Ҳамоиш дар Душанбе ба хотири 80-умин солгарди муҳориба барои Маскав
Ҳамоиш дар Душанбе ба хотири 80-умин солгарди муҳориба барои Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзӣ дар муҳорибаи назди Маскав яке аз рӯйдодҳои ҳалкунанда дар раванди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд
2021-12-05T15:30+0500
2021-12-05T15:30+0500
2021-12-05T15:30+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
маскав
душанбе
насл
ширкат дар ҷбв
ҳамоиш
шаҳиди ҷанги бузурги меҳанӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/05/1043950882_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_d3e1ba6f354914238886a9c8755249bd.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ҳамоиш дар шаҳри Душанбе ба муносибати 80-умин солгарди пирӯзӣ дар муҳорибаи назди Маскав ва оғози ҳамлаҳои ҷавобӣ алайҳи нерӯҳои фашистӣ баргузор шуд. Тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ дар боғи Ғалаба, сафир Игор Лякин-Фролов иштирок карда, аз аҳамияти пирӯзии таърихии назди Маскав гуфт. Ба гуфтаи сафир, пирӯзӣ дар ҶБВ дастоварди муштараки тамоми кишварҳои собиқ шӯравӣ буда, ҳамаи онҳо саҳми бузурге дар ғалаба гузоштанд. Аз ҷумла зикр шуд, ки ҳудуди 320 ҳазор тоҷикистонӣ аз оғози ҷанг ба ҷабҳа рафтанду бисёре аз онҳо барнагаштанд. "Имрӯзҳо масуният аз вируси миллатгароӣ боз хеле заиф шудааст. Дар бархе кишварҳо тарғиби ошкорои идеяҳои миллатгароӣ ҷараён дорад. Талошҳои таҳрифи таърих ва кам нишон додани аҳамияти Ғалабаи бузург сурат мегиранд", - илова намуд сафир. Ӯ зарурияти ҳифзи хотираи таърихиро таъкид намуда, афзуд, ки он бояд ба наслҳои оянда расонда шавад. Маврид ба зикр аст, ки дар муҳорибаи назди Маскав Дивизияи 20-уми савораи куҳӣ аз Тоҷикистон иштирок карда, дивизияи пиёдагарди 78-уми олмониро торумор намуд ва ба дивизияҳои ба ном "Сари мурда" -ю "Олмони бузург" зарбаи сангин зад.
https://sputnik.tj/20211201/sahmi-tojikon-difo-maskav-jbv-1043873602.html
маскав
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/05/1043950882_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4c4fc0a66c48e66e0aa8ab46cf8672db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамоиш, душанбе, муҳориба, солгард, маскав, ҷбв, сафир
ҳамоиш, душанбе, муҳориба, солгард, маскав, ҷбв, сафир
Ҳамоиш дар Душанбе ба хотири 80-умин солгарди муҳориба барои Маскав
Пирӯзӣ дар муҳорибаи назди Маскав яке аз рӯйдодҳои ҳалкунанда дар раванди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буд
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ҳамоиш дар шаҳри Душанбе ба муносибати 80-умин солгарди пирӯзӣ дар муҳорибаи назди Маскав ва оғози ҳамлаҳои ҷавобӣ алайҳи нерӯҳои фашистӣ баргузор шуд.
Тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ дар боғи Ғалаба, сафир Игор Лякин-Фролов иштирок карда, аз аҳамияти пирӯзии таърихии назди Маскав гуфт.
"Дар пайи ҳамлаҳои ҷавобӣ дар назди Маскав, душман ба ақиб ба тарафи ғарб гардонда шуду Олмони фашистӣ шоҳиди нахустин шикасти ҷиддияш дар Ҷанги бузурги ватанӣ гардид", - изҳор дошт Лякин - Фролов.
Ба гуфтаи сафир, пирӯзӣ дар ҶБВ дастоварди муштараки тамоми кишварҳои собиқ шӯравӣ буда, ҳамаи онҳо саҳми бузурге дар ғалаба гузоштанд. Аз ҷумла зикр шуд, ки ҳудуди 320 ҳазор тоҷикистонӣ аз оғози ҷанг ба ҷабҳа рафтанду бисёре аз онҳо барнагаштанд.
"Имрӯзҳо масуният аз вируси миллатгароӣ боз хеле заиф шудааст. Дар бархе кишварҳо тарғиби ошкорои идеяҳои миллатгароӣ ҷараён дорад. Талошҳои таҳрифи таърих ва кам нишон додани аҳамияти Ғалабаи бузург сурат мегиранд", - илова намуд сафир.
Ӯ зарурияти ҳифзи хотираи таърихиро таъкид намуда, афзуд, ки он бояд ба наслҳои оянда расонда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар муҳорибаи назди Маскав Дивизияи 20-уми савораи куҳӣ аз Тоҷикистон иштирок карда, дивизияи пиёдагарди 78-уми олмониро торумор намуд ва ба дивизияҳои ба ном "Сари мурда" -ю "Олмони бузург" зарбаи сангин зад.